Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши маъюбони беимтиёз ва дастнигар


Тақрибан наздики 50 нафар иштирокчиёни амалиёти бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Чернобил рузи душанбе, 26 апрел гирди як дастурхони на чандон ороста дар бинои Ҷамъияти Иттиҳоди Чернобил ҷамъ омада, рузҳои ваҳшатноки он ҳодиса дар Украинро, ки 18 сол қабл дар соли 1986 рух дода буд, ёдовар шуданд. Бисту шашуми апрел ба унвони рузи байналмилалии қурбониёни садама дар Чернобил пазируфта шудааст.
Туйчӣ Атобоев - раиси Ҷамъияти Иттиҳоди Чернобили Тоҷикистон - мегуяд, 170 нафар иштирокчиёни амалиёти бартарафсозии фоҷиаи Чернобил аз Тоҷикистон дар ин байн бар асари беморӣ даргузашта, 170 хонавода бепарастор мондаст.
Вай меафзояд, ҳамакнун ба таври расмӣ 2210 нафар дар қайди Ҷамъияти Иттиҳоди Чернобил мебошад, аммо амалан шумораи онҳо беш аз 3 ҳазор нафар аст, зеро аз Тоҷикистон ба Чернобил дар соли 1986 беш аз 4 ҳазор нафар сафарбар шуда буд ва онҳое, ки аз ҷониби вазоратҳои қудратии Тоҷикистон ширкат доштанд, ҳоло дар ин ҷамъият, сабти ном нашудаанд.
Ва аммо ба қавли мутахассиси Маркази ташхисии Душанбе, Абдухалил Маннонов, бештар аз ҳама паёмади ваҳшатноки ҳодисаи Чернобил дар фарзандони иштирокчиёни он зоҳир шудааст. Ба қавли у, чернобилиҳо соҳиби на камтар аз 3 фарзанд ҳастанд ва таъсири маводи радиоактив ҳатман онҳоро гирифтори бемориҳои гуногун мекунад: "Онҳо аз камхунӣ сар карда, дучори бемории дил, асаб, устухон, бемории пуст ва бемориҳои эндокринологӣ мешаванд."
Дар ҳоли ҳозир аз байни шумори умуми иштирокчиёни амалиёти наҷоти Чернобил наздик ба 800 нафар дар феҳрасти маъюбон номнавис шудааст. Онҳо бештар аз мушкилоти иҷтимоӣ ва камбуди дармону табобат суҳбат мекунанд.
Раиси Шурои Ҷамъияти Чернобилиҳо, Фаридун Ҳакимов мегуяд, ахиран бо пешниҳоди ҷамъияти онҳо дар парлумони кишвар тарҳи қонуни ҳифзи ҳуқуқи иштирокчиёни ҳодисаи Чернобил баррасӣ шуд ва 10 кумитаи парлумон онро пуштибонӣ кард, вале ҷониби ҳукумат бинобар мушкилоти буҷа пешнависро пуштибонӣ накард.
Вай мегуяд, аз 32 имтиёзе, ки дар замони Шуравӣ барои чернобилиҳо таъйин шуда буд, ҳоло дар Тоҷикистон онҳо камтар аз ҳама аз он имтиёзҳо бархурдоранд.
Ҷамъияти Чернобил барои табобат ва барқарории саломатии маъюбон ва фарзандони худ ҷиҳати ифтитоҳи як маркази эҳёи сиҳатӣ ё реабилитатсионӣ ба намоядагии Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Миллал дар Душанбе муроҷиат намудааст.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG