Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сокини Шурообод дар гарави қочоқбарони афғон


Як гуруҳи қочоқбари афғон ҳангоми шаб ду сокини деҳкадаи Навдеҳи ноҳияи Шуроободи Тоҷикистонро бо 5 сар чорво иҷборан ба хоки Афғонистон бурданд. Бино ба иттиллои Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, беш аз ду руз мешавад, ки сокинони Шурообод дар гарави ин гуруҳи қочоқбар ба сар мебаранд, аммо иттиллоъ роҷеъ ба санавишти онҳо дар даст нест.
Сардори раёсати бозрасиии неруҳои марзбонии Тоҷикистон Нуриддин Амирқулов мегуяд, дар соли равон ин нахустин ҳодисаи аз тарафи гуруҳҳои қочоқбари афғон гаравгонгирии сокинони марзии Тоҷикистон мебошад: "Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, онҳо байни худ чӣ муомилае доштаанд, барои қарзҳояшон омадаанд."
Тавре Нуриддин Амиқулов мегуяд, қисмати зиёди рустоҳои марзӣ дар ноҳияи Шурообод дар ҷойвое қарор доранд, ки марзбонони Русия ва Тоҷикистон тавони назорат бурдани онҳоро надоранд. Ва гуруҳҳои қочоқбар низ бо истифода аз ин шароит бозори худро гарм мекунанд. Дар сурати муомилаи нодуруст миёни фурушандаи ҳероин ва харидор ва ё миёнарав натиҷаи нохуш, ба гарав гирифтани харидор ва ё чорвои у ба амал меояд.
Кормандони амният ва умури дохилаи ноҳияи Шурообод мегуянд, борҳо дар мавриди озод намудани сокинони манотиқи марзӣ бо фармондеҳон ва марзбонони афғон вориди гуфтугу шудаанд.
Як корманди милисаи ноҳияи Шуробод, ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд, гуфт, дар соли гузашта беш аз 30 ҳодисаи гаравгонгирии сокинони марзӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ба қавли у, аксари кулли онҳое, ки ба гарав гирифта мешаванд, бо гуруҳҳои қочоқбар дар ҳамлу нақл ва фуруши маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои хабаргузории "Азия Плюс" ду афсари тоҷиктабори Неруҳои федеролии марзбонии Русия бо сабабҳои номаълум ба қаламрави Афғонистон гузашта, беш аз 20 руз мешавад дар онҷо ба сар мебаранд. Аммо манобеи дигар ин хабарро тасдиқ накарданд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG