Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони булғор омодаи ҳамкорӣ бо тоҷирони тоҷиканд


Соҳибкорони булғор омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷикӣ эълон доштанд. Ахиран намондагони бахши хусусии Булғористон шомили роҳбарон ва масъулони бархе ширкатҳо ва корхонаҳои тиҷоратӣ ва ҷаҳонгардии ин кишвар бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои ҷадиди бозаргонӣ дидору гуфтугу карданд.
Шариф Саидов, раиси Палатаи бозаргонии Тоҷикистон зимни ин дидор ва мулоқотҳо гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз назари ҳуқуқӣ шароит ва фазои муносиб ҷиҳати сармогузорӣ дар Тоҷикистон фароҳам ва равандҳои мусбат дар иқтисод ва тавлидоти ин кишвар мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи вай, яке аз омилҳои рушди ҳамкорӣ барқарории иртиботи мустақим бидуни ҳузури кишвари саввум миёни Тоҷикистон ва Булғористон ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.
Янчо Яниев, раиси ҳайъати бозаргонии Булғористон низ гуфтааст, соҳибкорони булғорӣ хоҳони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ҳастанд. Аммо қабл аз ҳама бояд ба муқаррароти ин кишвар ошно шаванд, то мутмаин бошанд, ки барои ҳифзи сармояи онҳо заминаи қонунӣ дар назар гирифта шудааст.
Соломон Пасӣ, раиси даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Булғористон низ зимни боздиди чанд рузи пеши худ аз Тоҷикистон эълон карда буд, ки кишвараш қасд дорад, то поёни соли равони мелодӣ сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кунад.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG