Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Чимкент


Маъмурони интизомии Қазоқистон хабар доданд, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 10 кило ҳероин дар шаҳри Чимкент боздошт карданд.
Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли мақомот навиштааст, ки маводи мухаддир дар мошини боздоштшуда ёфт ва мусодира шудааст. Тибқи хабари дигари ҳамин оҷонсӣ кормандони полиси Қирғизистон дар вилояти Боткани ҳаммарз бо Тоҷикистон аз хонаи як нафар 2 кило ҳероин гирифтаанд, ки эҳтимолан аз вилояти Суғд ба ин ҷо қочоқ шудааст.
XS
SM
MD
LG