Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти ду нафар ба солҳои тулонии зиндон


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду тан аз аъзои як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро ба поён бурда, онҳоро ба 12 ва 14 сол аз озодӣ маҳрум кард. Нор Нуров - қозии Додгоҳи олӣ ва раиси ҳайъати мурофиакунанда дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Фатҳиддин Султонов ва Баҳрулло Шарифов ду тан аз аъзои дастаи ғайриқонунии Саидмухтор Ёров яке аз қумандонҳои собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик мебошанд, ки тули солҳои 1993 то 1997 дар Душанбе ва навоҳии атрофи он бо истифода аз силоҳи оташфишон даст ба ҷиноёти сангин ба шумули роҳзанӣ, ғорат ва таҷовуз ба номус задаанд.
Аз ҷумлаи ҷиноёте, ки Фатҳиддин Султонов ва Баҳрулло Шарифов ба он мутаҳҳам мешаванд, тавассути силоҳи оташфишон гаравгонгирии аъзои як хонавода дар ноҳияи Рудакӣ, собиқ ноҳияи Ленин ва бар ивази раҳоӣ аз ин хонавода тақозои 25 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Аммо ин ду нафар дар шаҳрҳои мухталифи Русия дар ҳоли фирор ва шароити пинҳонӣ ба сар мебурдаанд. Ва дар моҳи майи соли гузашта, дар натиҷаи як амалиёти нируҳои амниятии кишвар дар манзили зисташон дар ҷамоаи Роҳатии ноҳияи Рудакӣ боздошт шуданд. Қозии Додгоҳи олӣ ҳамчунин гуфт, қисме аз ҷиноёти содиркардаи Фатҳиддин Султонов ва Баҳрулло Шарифов бар асоси татбиқи қарори афви умумии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҳангоми муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ рад шудааст. Нор Нуров - қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, афроди маҳкум метавонанд, дар давоми як ҳафтаи пас аз эълони ҳукм аз болои он ба ҳайъати баррасикунандаи додгоҳ шикоят баранд. Ва татбиқи ҳукм низ пас аз таъйиди ҳайъати баррасикунандаи Додгоҳи олӣ ба марҳалаи амал ворид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG