Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикстандарт" соҳиби васоили нави ташхиси анвои маҳсулот шуд


Бино ба иттилоъи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ин кишвар ба маблағи 96 ҳазор доллар таҷҳизоти ташхиси маводи ғизоро дар ихтиёри оҷонсии "Тоҷикстандарт" қарор додааст. Алмос Сайфиддинов - сухангуи сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бахши дуюми ин кумакҳо ба оҷонсии "Тоҷикстандарт"тобистони соли равон ирсол дошта мешавад. Дар зимн қарор аст, Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ЮСАИД тибқи барномаи кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои такмили ихтисоси мутахассисони "Тоҷикстандарт" курсҳои кутоҳмуддати омузишӣ созмон диҳад.
Давлаталӣ Ҳотамов, раиси оҷонсии "Тоҷикстандарт" гуфт, воқеан ҳам камбуди таҷҳизоти ташхиси ғизо, ки ба талаботи замон ҷавобгу бошад, дар кори ин созмон мушкилоти зиёде эҷод мекунад.
Ба гуфтаи чанде аз соҳибкорон ва фурушандагони масолеҳи ғизоӣ дар дуконҳои пойтахт, кормандони оҷонсии "Тоҷикстандарт" бе ягон асбоби ташхис ва ченаки лозима меоянд ва ташхис мегузаронанд, ки ин боиси нофаҳмӣ ва низоъ миёни соҳибкор ва кормандони оҷонсӣ мегардад. Ҳамза Саидов корманди як фурушгоҳи маводи ғизоӣ дар бозори Баракати пойтахт мегуяд: "Меоянд барои тафтиш, вале асбоб надоранд, ҳамин хел мебинанду мераванд".Ба гуфтаи масъулини оҷонсии "Тоҷикстандарт", дарёфти васоили ҳозиразамон барои ташхиси анвои ғизо, барои аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа метавонад, нақши чашмрасе дошта бошад.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG