Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони узбак як сокини ноҳияи Спитаменро куштанд


Маъсум Имомов

Бино ба иттилоъи ситоди марзбонии вилояти Суғд, шаҳрванди Тоҷикистон Анвар Абдураҳмонов, сокини деҳаи Қушбегирмони ноҳияи Спитамен, Нови собиқ аз тири марзбонони узбак ба ҳалокат расидааст. Марзбонони узбак дар гузаргоҳи марзии Сарбанд ва ё Платина, тақрибан 25 километрии Хуҷанд, ҷониби Анвар Абдураҳмонови 31 сола, ки зимни бозгашт аз Узбакистон вориди ин минтақаи марзӣ шудааст, аз силоҳи Калашников оташ кушодаанд. Ин маҳалро мақомоти Тоҷикистон минтақаи марзии баҳсноки байни ду кишвар медонанд. Куштори шаҳрванди Тоҷикистон таввасути марзбонони узбак нимарузи 20 март рух додааст. Додситонии ноҳияи Спитамен дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба қавли мақомоти Узбакистон Анвар Абдураҳмонов дар минтақаи марзии наздик ба шаҳри Бекободи Узбакистон кушта шудааст. Ноҳияи Спитамени Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Бекобод ҷойгир шудааст. Додситонии ноҳияи Спитамен ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтааст ва ҷасади мақтулро хешовандонаш ба зодгоҳаш оварда гуронидаанд.
XS
SM
MD
LG