Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи гуруҳи скинхедҳои муттаҳам дар латукуби муҳоҷирони тоҷик оғоз ёфт


"Российская газета", чопи Маскав дар охирин шуморааш аз ҷараёни муҳокимаи як гуруҳи сартарошидаҳои рус дар догоҳи Новосибир гузориш додааст. Ин гуруҳ, аз ҷумла ба латукуби бераҳмонаи муҳоҷирони тоҷик муттаҳам мешавад.
Дар таърихи 14-уми моҳи март ду муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо захми корд ба бемористон бурда шуданд ва тафтишот бар ин бовар аст, ки ҳар ду ҷиноятро як гуруҳи созмонёфта бо ҳадафи барангехтани низоъи милливу нажодӣ содир кардааст. Ба навиштаи нашрия билофосила пас аз ҳодиса, 6 скинхед ва баъди як рузаш як ҳамроҳи онҳо бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноятҳо дастгир шуданд.
Аммо "Российская Газета" меафзояд, акнун умдатарин мушкил барои тафтишот эҳзори муҳоҷирони аз дасти ин гуруҳ ҷабрдида ба додгоҳ аст, чунки аз 6 нафар латукубшуда, танҳо 1 нафари онҳо то ҳол дар Новосибирс ба сар мебарад, вале 5 нафари дигар аз тарси таъқиби гуруҳҳои скинхед ба зодгоҳи хеш баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG