Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои серузаи низомиёни тоҷику рус оғоз шуд


Наҳваи муқобила бо як гуруҳи шартии террористӣ, ки вориди хоки Тоҷикистон шудааст, ҳадафи аслии машқҳои муштараки низомиест, ки неруҳои Тоҷикистону Русия дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон оғоз карданд. Ношири ин хабар хабаргузории "Итар-Тасс" аз қавли вазорати диофъи Тоҷикистон навиштааст, дар ин машқҳои низомӣ ҷузву томҳои дивизияи 201-уми артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон, неруҳои артиши Тоҷикистон ва ҳамчунин мошинҳои зиреҳпуш ва чархболу ҳавопаймоҳо ҷалб шудаанд.
Қарор аст, рузи 24 март дар машқгоҳи Мумирак дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тирандозиҳои муштараки сарбозони Русияву Тоҷикистон сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG