Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби Қонун дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар "Қонун дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ"-ро қабул кард. Қонуни мазкур иборат аз 4 боб ва 21 модда буда, тартиби таъсис, фаъолият, идоракунӣ ва барҳам додани минтақаҳои озоди тиҷоратӣ дар Тоҷикистонро муайян мекунад.
Ҳаким Солиев- вазири иқтисоди Тоҷикистон, ки тарҳи қонуни мазкурро дар Маҷлиси Намояндагон муаррифӣ мекард, дар бораи аҳамияти он гуфт: «Дар натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ва дар заминаи он ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармояи хориҷиву ватанӣ ба иқтисодиёти кишвар ҷалб гардида, боиси пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мегардад. Ба ин восита дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ технологияҳои нав ворид гардида, як қисми аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад, ки ин дар навбати худ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад."
Ба гуфтаи вазири иқтисоди Тоҷикистон, минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи ин қонун аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ муайян ва таъсис мешавад ва он роҳбар ва буҷаи хоси худро хоҳад дошт. Дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ қонуни махсуси гумрукӣ ва андозбандӣ ва ҳамчунин қонуни хоси рафтуомади соддашуда амал хоҳад кард. Дар чунин минтақа тибқи пешбинии қонун молҳои воридротӣ аз боҷи гумрукӣ, андозбандӣ ва андоз аз тиҷорат пурра ва ё қисман озод мебошанд. Инчунин таъсиси бонкҳои офшорӣ низ дар ин минтақаҳо дар назар дошта шудааст.
Қонуни мазкур инчунин дар истифодаи захираҳои табиӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ ба соҳбикорони дохилӣ ва хориҷӣ имтиёз қойил шудааст. Аммо то кунун маълум нест, ки ки кадоме аз минтақаҳои Тоҷикистон ба унвони минтақаи озоди иқтисодӣ эълон хоҳад шуд. Вале ба назари вазири иқтисоди Тоҷикистон минтақаи Хатлон мувофиқтарин минтақа барои чунин ҳадаф аст: "Минтақаи Хатлон дар ҷойе ҷойгир шудааст, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ метавонад, ба минтақаи озоди иқтисодӣ табдил дода шавад. Ба бозорҳои Афғонистон баровардани маҳсулоти истеҳсолшуда дар ин ҷо имкон дорад, на танҳо ба Афғонистон, балки ба Покистон ва дигар ҳамсояҳо низ. Аз ин ҳисоб мо метавонем, буҷаи давлатро қисман ғанӣ гардонем."
Аммо муҳимтарин мушкили Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҷиҳати таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ кушодани роҳҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, назири Чин, Афғонистон ва Узбакистон мебошад.
XS
SM
MD
LG