Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизони Убайдуллоев якдигарро куштанд


Ду муҳофизи Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар як ҷанги тан ба тан якдигарро куштаанд. Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, миёни ин ду нафар шаби шанбе 28 феврал низоъ сар мезанад ва онҳо берун аз маҳалли ҷойи кори худ дар дохили боғи марказии пойтахт, ки дар муқобили бинои шаҳрдории Душанбе воқеъ шудааст, ҷониби якдигар тир кушодаанд. Дар натиҷаи тирпаронӣ ҳар ду нафар дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд.
Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ин ҳодисаро расман эълон накардаанд ва ҳуввияти ашхоси ба ҷанги тан ба тан баромада низ маълум нест. Инчунин дар бораи ангезаҳои ихтилоф ва низоъи ин ду нафар чизе гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG