Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳои зидди Асад дар Сурия


Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар Сурия алорағми ваъдаи ислоҳоти раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад ба хиёбонҳо рехтанд. Шоҳидон мегӯянд, бар асари тирандозӣ дар як маросими дафн дар ҳошияи шаҳри Талбиса, дар шимоли Ҳумс, дастикам 3 нафар кушта шуданд. Дар бораи баргузории раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Ҳалабу Даръо ва наздикии Сувайда низ гузориш шудааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории расмии САНА хабар дод, ки рӯзи якшанбе дар посгоҳи Таноф, воқеъ дар марзи Ироқ, “теъдоди бузург”-и аслиҳа, бо шумули камону туфанг, дурбинҳои шабона ва маводи мунфаҷира кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG