Полиси Озарбойҷон имрӯз дар хиёбонҳои шаҳри Боку монеъи тазоҳуроти тарафдорони мухолифон шуд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, садҳо нафар аз фаъолони мухолифон дар кӯчаҳо бо шиорҳои “озодӣ” ва “истеъфо” раҳпаймоӣ карданд, аммо маъмурони амниятӣ дар либоси ғайринизомӣ аксари онҳо, аз ҷумла як духтари панҷсоларо, ки дар миёни тазоҳургарон будааст, боздошт карданд. Пулиси Озарбойҷон, боғи марказии Саҳарро баст, ки қарор буд, тазоҳургарон дар ҳамин ҷо алайҳи раиси ҷумҳур Илҳом Алиев ва ҳукумати ӯ эътироз кунанд. Тақозоҳои расмии мухолифони давлати Озарбойҷон барои баргузории интихобот мақомот чанд дафъа рад карданд ва монеъи раҳпаймоии онҳо шуданд.