Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Афғонистону Покистон дар масъалаи сулҳ


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, кишвараш ва Покистон талошҳо барои ҷалби Толибон ба раванди сулҳро бештар хоҳанд кард. Ӯ дар ин бора рӯзи шанбе баъди мулоқоташ бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон дар шаҳри Кобул сухан гуфт. Ҳомиди Карзай афзуд, дар ҳайъати комиссиёни сулҳе, ки шеваҳои музокирот бо Толибонро баррасӣ мекунад, ҳоло мақомоти олирутбаи Покистон ҳам шомил шудаанд: “кумиссиёни муштараки сулҳ, ки қаблан дар сатҳи вузарои ду кишвар буд, ба болотарин сатҳи давлати Покистон баланд бурда шуд, ки ҳоло ин кумиссиён зери раҳбарии ҷалолатмаоб, садри аъзами Покистон, фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, раиси истихбороти Покистон мебошад. Афғонистон аз ин пешниҳоди Покистон истиқбол карда ва аз ҷониби афғонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ҳузур хоҳад дошт.” Ҳомиди Карзай афзуд, ҷузъиёти роҳҳои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон дар ҷараёни сафари ояндааш ба Покистон баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG