Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакии нируҳои Қаззофӣ ба Мисратаи Либия


Шӯришиёни Либия мегӯянд, ки имрӯз нируҳои Муаммар Қаззофӣ ба шаҳри соҳилии Мисрата дастикам 100 мушаки Град партоб кардаанд. Талафоти ҷонӣ ба бор наомадааст. Ин гузориш дар ҳоле пахш шудааст, ки Ҳюмен Райтс Вотч ё Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ бар зидди шӯришиён дар Либия аз бамҳои хӯшаӣ истифода мекунанд. Бино ба маълумоти ин ниҳоди ҳуқуқи башар дар Нию Йорк, дар шаҳри Мисратаи Либия, ки муборизаҳо идома дорад, се бами дастии хӯшаӣ истифода шудааст. Маъмулан, бами хӯшаӣ ҳангоми инфиҷор ба пораҳои бештар тақсим мешавад ва ба ҷони одамон хеле хатаровар аст.
XS
SM
MD
LG