Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ойиша Қаззофӣ истеъфои падарашро таҳқири либиягиҳо хонд


Ойиша Қаззофӣ
Ойиша Қаззофӣ
Сарони Бритониё, Фаронса ва ИМА ваъда доданд, ки то истеъфои Муаммар Қаззофӣ маъракаи низомӣ дар Либияро идома хоҳанд дод.

Дар як мақолаи муштарак, ки имрӯз дар нашрияҳои Амрикову Аврупо чоп шудааст, Дэвид Кемерон, Николя Саркозӣ ва Барак Обама гуфтаанд, ки сари қудрат боқӣ гузоштани Муаммар Қаззофӣ хиёнат ба мардуми Либия хоҳад буд.

Аз ин пеш вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО, бо вуҷуди ихтилофашон дар робита ба маъракаи низомии дифоъ аз мардуми осоиштаи Либия, дар як нишаст дар Берлин хостори истеъфои Қаззофӣ шуданд.

Дар посух ба ин Ойиша, духтари Қаддофӣ дар як ҳамоиши ҷонибдорони падараш дар шаҳри Триполӣ гуфт, ки "дар бораи истеъфои Қаззофӣ ҳарф задан – ин таҳқири ҳама либиягиҳост. Қаззофӣ на дар Либия, балки дар қалби мардуми Либия аст".

Рӯзи панҷшанбе шӯришиёни Либия хостори ҳамлаҳои бештари ҳавоии НАТО ба мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ шуда ва гуфтанд, ки идомаи мушакборони шаҳри муҳосирашудаи Мисрата боиси ҳалокати садҳо сокинони осоишта мегардад.
XS
SM
MD
LG