Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи Тунисро дар 18 мавриди ҷиноят айбдор мекунанд


соли 2009: Зануллобиддин Бен Алӣ ва ҳамсараш Лайло
соли 2009: Зануллобиддин Бен Алӣ ва ҳамсараш Лайло
Вазири адлияи Тунис гуфт, ки додситонҳо талош доранд раиси ҷумҳурии барканоршуда Зануллобиддин Бен Алиро аз рӯи 18 банди қонун, аз ҷумла кштор ва қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима кунанд.

Имрӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ вазири адлия Ахзар Ҷибӣ батафсил иттиҳомоти зидди президенти собиқро зикр кард, ки дар миёни онҳо инчунин хиёнат ба давлат низ зикр шудааст.

Баъди дар паи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат барканор шуданаш 14 январи имсол, Бен Алӣ, ки 23 сол сари қудрат будааст, маҷбур шуд дар хоки Арабистони Саудӣ панаҳ барад. Ба иттилои Чеббӣ, Тунис ҳоло роҳҳои қонунии истирдоди Бен Алиро аз Арабистони Саудӣ андеша дорад.

Тунис аз Интерпол низ хостааст, ки дар ҳабси Бен Алӣ, ҳамсари ӯву дигар аъзои оилааш, ки баъди ошӯбҳо кишварро тарк карданд, мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG