Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди гурӯҳи тамос ба истеъфои зудтари Қаззофӣ


Нишасти гурӯҳи тамоси Либия гуфт, Муаммар Қаззофӣ бояд ба зудӣ биравад ва чирикиҳо бояд пуштибонии моддӣ дарёфт кунанд. Ин гурӯҳ имрӯз дар Доҳа , пойтахти Қатар дар ҳузури дабири кулли СММ Бан Ки Мун мавзӯъи Либияро баррасӣ кард. Изҳороти ниҳоии ин нишаст мегӯяд, “Қаззофӣ ва режими ӯ тамоми машрӯъиятро аз даст додаанд” ва бояд ба мардуми Либия имкон диҳанд, ки ояндаи худро таъйин кунанд.
Дар нишаст бар сари таҳияи як механизими муваққати молӣ барои кумак ба чирикиҳои Либия низ тавофуқ шудааст.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Девид Камерон низ имрӯз дар Порис мавзӯъи Либияро баррасӣ хоҳанд кард. Ин ду кишвар хостори тақвияти ҳамлаҳои ҳавоии НАТО алайҳи нирӯҳои Қаззофӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG