Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак боздошт шуд


Телевизиони давлатии Миср рӯзи чаҳоршанбе аз боздошти «15 рӯзаи Ҳуснӣ Муборак барои анҷоми таҳқиқот» хабар дод.

Дар ҳамин ҳол Ало ва Ҷамол Муборак, ду писари ӯ ба Қоҳира мунтақил шудаанд. Гуфта мешавад оқои Муборак дар замони боздошт низ дар Шармушайх хоҳад монд.

БОЗДОШТИ ДИКТАТОРИ СОБИҚИ МИСР

Диктатори мисрӣ, ки 30 сол бар ин кишвар ҳукумат карда буд, рӯзи 11-уми феврали соли ҷории мелодӣ ба дунболи тазоҳурот ва эътирозоти густурдаи мардуми Миср сарнагун шуд ва бо навъе табъид, ба шаҳри Шармушайх рафт.

Хабаргузории Ройтерз боздошти Ҳуснӣ Муборак ва ду писари ӯро иқдоме донистааст дар ҷиҳати хомӯш кардани эътирозоти тозаи мардуми Миср ва поён додан ба ин гумонҳо, ки ҳокимони низомии ин кишвар аз фармондеҳи собиқи худ ҳимоят мекунанд.

Пас аз бештар аз як моҳ аз суқути раиси ҷумҳури Миср, ҳафтаи гузашта майдони «Таҳрир»-и Қоҳира бори дигар саҳнаи эътирозоти густурдаи мардум табдил шуд, эътирозоте, ки ба хушунат ва ҳатто марги як тан низ анҷомид.

Мардуми мӯътариз дар ин таҷаммуъот, ки ба гузориши хабаргузории Ройтерз ҳанӯз ҳарчанд ба шакли маҳдуд дар Шармушайх идомаи дорад, хостори «муҳокимаи дузд» ҳастанд.

Ба гузориши телевизиони Миср, додсистони кулли кишвар рӯзи якшанбеи гузашта оқои Муборакро барои «пурсиш ва бозҷӯӣ дар мавриди куштори мӯътаризон ва ҳамчунин азхудкунии сармояҳои умумии кишвар» ҳозир кардааст.

МУБОРАК " БЕМОР" АСТ

Раиси ҷумҳури собиқи Миср рӯзи якшанбе дар аввалин ҳузури худ дар баробари дурбинҳои телевизион пас аз сарнагунӣ, дар баёнияе худро аз ҳар гуна иштибоҳ ва хато пок донист.

Ба дунболи ин хабар, рӯзи сешанбе расонаҳои давлатии Миср хабар доданд, ки Ҳуснӣ Муборак ба далели бад будани саломатиаш ва «бӯҳрони қалбӣ» дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории Ройтерз ахбори вобаста ба вазъи саломатии оқои Муборакро «зидунақиз» хонда ва аз қавли телевизиони «Ал-арабия» мегӯяд, ки ҳоли ӯ «он қадар хуб ҳаст, ки дар бемористони Шармушайх ба пурсишҳои додситон посух диҳад.»

Ҳуснӣ Муборак солҳои ахир мушкилоти ҷисмӣ дошта ва дар моҳи марти соли 2010, барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба Олмон рафта буд.
XS
SM
MD
LG