Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Беларус кори дасти кӣ буд?


Муовини додситони кулли Беларус гуфт, дар робита бо инфиҷори метрои Минск чанд нафар боздошт шудаанд.

Вале ӯ дар бораи шахсияти ин афроди боздоштшуда чизе нагуфтааст. Қабл аз ин Анатолий Калияшов, вазири корҳои дохилии Беларус, изҳор дошт, ки тибқи шаҳодати баъзе аз шоҳидони айнии ин ҳодиса симои тақрибии ду мард маълум шудааст.
Дар Беларус ҳамеша вазъ ором буд ва дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Беларус, ба вижа президент Лукашенко бо ин дастовард ифтихор мекард...


Дар ин инфиҷор 12 нафар кушта, бештар аз 150 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 22 нафар аз афроди маҷрӯҳ дар ҳолати сангин қарор доранд.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, гуфтааст, ҳадафи омилони ин инфиҷор ба ҳам задани субот дар ин кишвар будааст. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Кирил Шевченко, таҳлилгари умури Беларус дар Минск, пурсидем, то ҳол дар бораи ин инфиҷор нуқтаи назари доираҳои расмӣ чӣ аст?

Кирилл Шевченко
Шевченко:
Он чӣ ба нуқтаи назари расмӣ иртибот дорад, то ҳол дар ин бора мушаххас чизе гуфта нашудааст. Шоми дирӯз, пас аз чанд соати амали террористӣ бо ширкати раисҷумҳур ҷаласаи изтирории ҳукумат баргузор шуд. Хотирнишон карданд, ки омилони ин амали террористӣ бо ин инфиҷор моро ба чолиш кашидаанд. Таҳлилгарони наздик ба доираҳои ҳукуматӣ низ дар сафҳаҳои интернетӣ ҳадс задаанд, ки ин инфиҷорро мумкин аст баъзе аз намояндаҳои нерӯҳои тундрави маҳаллӣ анҷом дода бошанд. Он чӣ ба созмондиҳандагони ин инфиҷор иртибот мегирад, мумкин аст сарчашмаи он то ба хориҷа бирасад, барои он ки ин инфиҷор хеле қавиву густурда аст ва то ҳол чунин амал дар ин ҷо мушоҳида нашуда буд. Баъд аз ин амали террористӣ, имрӯз аз чанд нуқтаи шаҳр боздид кардам, сокинон комилан ороманд, вале ҳушёр ва худро ба ҳар гуна саро садоҳо пойбанд намедонанд.

Суол: Оё нерӯҳои мухолифи давлати Беларус дар бораи инфиҷор нуқтаи назари худро доранд? Онҳо чӣ мегӯянд?

Шевченко: То ҳол таъбирҳои дақиқ ба назар намерасад. Шояд дар ин бора ҳанӯз андеша мекунанд. Аммо баъзе аз нозирони наздик ба нерӯҳои мухолифон таъбирҳои худро дар ин бора дар интернет чоп кардаанд. Масалан, гуфта мешавад, ки барҳам задани суботи вазъ ба нафъи ҳукумат аст, то ба ин васила таваҷҷӯҳи мардумро аз душвориҳои иқтисодӣ мунҳариф созанд. Аммо дар муқобили онҳо ин нуқтаи назар низ вуҷуд дорад ва мегӯянд, душвориҳои иқтисодӣ ба гунае шадид нест, ки бо чунин амали хунбор таваҷҷӯҳи мардумро аз душвориҳо мунҳариф созанд.

Суол: Фикр намекунед, ки чунин инфиҷор метавонад таҳрикомез бошад, то ба ин васила нерӯҳои мухолифонро муттаҳам кунанд ва ҳамзамон таваҷҷӯҳи мардумро аз мушкилиҳои мавҷудаи зист дар Беларус дур созанд?

Шевченко: Баъзе аз намояндагони мухолифин ҳамин нуқтаи назарро матраҳ кардаанд. Албатта, ин дар кулл нуқтаи назари мухолифон нест, балки назари баъзе сиёсатшиносони мустақил аст, ки ба нерӯҳои мухолифон майл доранд. Аммо нуқтаи назари шахсии ман ин аст, ки дар Беларус ҳамеша вазъ ором буд ва дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Беларус, ба вижа президент Лукашенко бо ин дастовард ифтихор мекард. Ҳамеша аз чунин оромӣ ва амният ифтихор дошт ва онро дастоварди аслии ҳокимияти худ медонст. Фикр мекунам, ки вай бо чунин кор наметавонад ин дастоварду ифтихори худро қурбон кунад, зеро дар маҷмӯъ масъулияти талафоти воқеӣ бар дӯши ҳукумат аст. Дирӯз дар ҷаласа худи Лукашенко изҳор дошт, ки дар ҳамаи ҳодисаҳо худи онҳо гунаҳгоранд, барои он ки ба масъалаҳои амният таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намекунанд.

Суол: Расидагӣ ба ҳодисаро худи коршиносони Беларус анҷом медиҳанд ё аз хориҷ низ коршиносон ҷалб мешаванд?

Шевченко: Эълон карданд, ки масълуияти аслии расидагӣ ба амали террористӣ бар дӯши раиси КГБ вогузор шудааст. Гузашта аз ин, додситонии Беларус ҷалб мешавад. Он чӣ ба коршиносони хориҷӣ иртибот дорад, субҳи рӯзи сешанбе аз Русия гурӯҳе аз коршиносон ба Минск омадаанд ва ҳамроҳ бо ҳамкорони беларусии худ дар метро ба расидагӣ оғоз кардаанд. Ба ин тариб, Лукашенко аз Русия кӯмак дарёфт кардааст.

Суол: Дар доираҳои расмӣ дар бораи кӯмак ба хонаводаҳои қурбониён чизе нагуфтаанд?

Шевченко: Мақомоти ҳукуматӣ изҳор доштаанд, ба ҳамаи қурбониён, ки то ҳол 12 нафарро ташкил медиҳанд, бояд кӯмаки моддӣ расонида шавад. Дар бораи мизони чунин кӯмак чизе гуфта намешавад. Чунин маълумотро надидаам.
XS
SM
MD
LG