Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Порису Лондон аз амали НАТО дар Либия


Вазирони хориҷаи Фаронсаву Бритониё мегӯянд, НАТО бояд ба хотири дифоъ аз мардуми мулкии Либия дар муқобили ҳамалоти нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ кори бештар анҷом диҳад. Вазири хориҷаи Фаронса Алан Жюпе ба Радиои Фаронса гуфт, НАТО ба қадри кофӣ амал намекунад: "НАТО бояд нақшашро пурра иҷро кунад. НАТО мехост раҳбарии амалиётро ба дӯш бигирад ва мо қабул кардем. Ва он бояд нақшашро иҷро кунад ва пеши роҳи истифодаи Қаззофӣ аз силоҳҳои сақил барои бомббори мардумро бигирад.”
Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг гуфт, НАТО бояд талошҳояш дар Либияро”тавсиа” диҳад.
Аммо бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии НАТО, нирӯҳои Қаззофӣ чирикиҳоеро, ки алайҳи ҳукумати 42-солаи ӯ меҷанганд, маҷбур ба ақибнишинӣ кардаанд. Вазъи Либия имрӯз дар нишасти ИА дар Люксембург ва рӯзи панҷшанбе дар нишасти вазирони хориҷаи НАТО дар Берлин мавзӯъи асосии баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG