Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 50-уми нахустин парвози инсон ба кайҳон


Юрий Гагарин
Юрий Гагарин
Имрӯз аз 50-солагии нахустин парвози инсоният ба кайҳон таҷлил мекунанд. Кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин рӯзи 12 апрели соли 1961 дар мадор 108 дақиқа давр зада, роҳи башариятро ба сӯи кайҳон боз кард. Дар арафаи 50-солагии парвози Гагарин киштии кайҳонии «Союз»-ро ба номи ӯ гузоштанд ва ҳафтае пеш як гурӯҳи кайҳоннавардони Русияву Амрико тавассути киштии «Гагарин» ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ парвоз карданд. Партоби нахустин моҳвора дар соли 1957 ва парвози Гагарин дар соли 1961 аз бузургтарин дастовардҳои барномаи кайҳонии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG