Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Соҳили Оҷро дастгир карданд


Лаурент Гбаго, раиси ҷумҳури Соҳили Оҷ, мустамликаи собиқи Фаронса дар ғарби Африқо, чанд соат пас аз боздошташ, хостори хотимаи ҷанг дар кишвараш шуд. Ӯро дирӯз дар қароргоҳаш дар шаҳри Обидҷон дастгир карданд. Лаурент Гбаго дар интихоботи моҳи ноябри соли гузашта аз рақибаш Алассане Оуттара шикаст хӯрд, вале аз додани қудрат ба ӯ сарпечӣ кард ва кишварашро ба ҷангу хунрезӣ кашид. Як сухангӯи Лаурент Гбаго гуфт, ӯро сарбозони Фаронса боздошт карда ва дасти нерӯҳои мухолиф супурдаанд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз боздошти Лаурент Гбаго истиқбол кардаанд.
XS
SM
MD
LG