Якоб Зума, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ мегӯяд, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, нақшаи хотима додан ба низоъи ҳаштҳафтаина дар кишварашро пазируфтааст. Якоб Зума, рӯзи якшанбе дар садри як ҳайъати баландпоя дар шаҳри Троблус бо Муаммар Қаззофӣ мулоқот кард. Раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ҳамчунин аз нерӯҳои НАТО хост, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро хотима диҳанд, то созиши оташбас миёни нерӯҳои Қаззофӣ ва шӯришиёне, ки барои хотима додан ба ҳукумати ӯ меҷанганд, баста шавад. Тарҳи пешниҳодии ҳалли низоъ, ба музокирот миёни ҳукумати Қаззофӣ ва шӯришиён даъват мекунад. Аммо шӯришиёни Либия пештар гуфтаанд, то замоне, ки Қаззофӣ аз ҳукумат наравад, ба созиши оташбас мувофиқат нахоҳанд кард, талабе ки Қаззофӣ рад кардааст. Ҳайъати Иттиҳодияи Африқо имрӯз бо раҳбарони шӯришиёни Либия низ музокирот хоҳад кард.