Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Сурия сӯи маросими ҷаноза оташ кушод


Дар Сурия рӯзи шанбе бар асари задухӯрдҳои миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои амниятӣ дасти кам 26 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар изҳороти Созмони миллии ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки теъдоди қурбониён дар шаҳри ҷанубии Даръо аз ҳама бештар аст – дар ин ҷо кормандони полис сӯи ширкаткунандагони як маросими ҷаноза оташ кушоданд. Ҷамъомадагон афродеро ба хок месупурданд, ки рӯзи ҷумъа дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар бархӯрдҳои эътирозгарон бо полис дар шаҳри Ҳомс низ дасти кам ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид аз хушунат дар Сурия изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG