Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мисриҳо муҷозоти Муборакро талаб доранд


Майдони Таҳрири Қоҳира дубора ба саҳнаи бархӯрдҳо табдил шуд.

Хабаргузориҳо аз пойтахти Миср иттилоъ доданд, ки соати 3-и шаби гузашта тақрибан 300 тан аз сарбозон талош карданд то қароргоҳи эътирозгарон дар майдони Таҳрирро пароканда кунанд. Дар ҷавоб эътирозгарон сӯи низомиён санг андохтанд.

Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва беш аз 70 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

"ТАНТАВӢ ИН МУБОРАК АСТ!"

Ҳазорон сокинони Қоҳира дубора дар ин майдон, ки моҳи феврал намоишҳои густарда бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак баргузор шуда буданд, ҷамъ омаданд. Ин дафъа онҳо аз зимомдорон
Муҳаммад Ҳусейн Тантавӣ ва Ҳилларӣ Клинтон1
тақозо талаб карданд, ки алайҳи Муборак парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

Ҳамзамон тазоҳургарон истеъфои раҳбари муваққати Миср – раҳбари Шӯрои олии низомӣ фелдмаршал Муҳаммад Ҳусейн Тантавиро ҳам талаб намуданд.

Онҳо “Тантавӣ Муборак аст ва Муборак ин Тантавист” шиор мезаданд.

Эътирозгарон мақомоти низомиро дар дифоъ аз Ҳуснӣ Муборак айбдор мекунанд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол раисиҷумҳури пешини Миср ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайх ба сар мебарад. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки Муборак таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.

"БЕНИЗОМИҲОРО АВБОШҲО ТАШКИЛ КАРДААНД"

Мақомоти Миср мегӯянд, ки дар амалиёти шаби гузашта низомиён бо истифода аз калтакҳо ва тирандозӣ сӯи ҳаво талош карданд, ки майдонро аз тазоҳургарон холӣ кунанд. Ва аммо тазоҳургарон мегӯянд, ки низомиён сӯи онҳо оташ кушодаанд.

Дар изҳороти Шӯрои олии низомии Миср аз эътирозгарон чун аз “авбошҳо” ном бурда шудааст, ки бо тавассути дасисаву ташкили бенизомиҳо қуюди шабгардиро халалдор кардаанд. Дар ин санад ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар амалиёти шаби гузашта ба касе осеб нарасидааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин гуна бархӯрдҳо дар Миср шояд бо охири сол на як бору ду бор рӯх бидиҳад. Аз нигоҳи онҳо, баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ талош доранд, ки то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Миср низомиёнро бадном созанд, то ягон дастнишини онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат наварзад.

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш Шӯрои низомии Миср изҳор намуд, ки қарор аст интихоботи сарвари кишвар як ё ду моҳ баъд аз интихоботи парлумонии моҳи сентябр доир шавад.

Мақомоти низомии Миср Қонуни асосии муваққатро ҳам нашр карданд, ки дар он тағйиру ислоҳоти пазируфтаи интихобкунандагон дар раъйпурсии рӯзи 19 март ба инобат гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG