Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Бозичаҳои хатарноки чинӣ дар бозорҳои Тоҷикистон

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар бозичаҳои тавлидоти Чин, ки дар бозорҳои кишвар мефӯрушанд, таркибҳои хатарноки химиявӣ барои сиҳатии кӯдаконро ошкор кардаанд. Хадамоти ҷумҳуриявии беҳдоштӣ дар як нишасти хабарӣ имрӯз гуфт, дар даҳ навъи асбоббозиҳо ба мисли лӯхтакҳо, мошинҳои пластикӣ, моддаҳои хатарноки фенол, сурб, симоб ва марги муш пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, аз мутахассисони хадамоти ҷумҳуриявии беҳдоштӣ, дар баъзе аз бозичаҳо мизони ин таркибҳои хатарнок аз якуним то 7 дар сад зиёд будааст. Ин маводи химиявӣ боиси бемориҳои системаи асаб, роҳҳои танаффус ва аъзои босира ва шуда ва аллергияҳои шадид низ бармеангезанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зеленский гуфт, умедвор аст ба украина системаҳои мушакиву ҳавопаймо медиҳанд

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки аз ҷаласае, ки қарор аст рӯзи 23-юми май ба хотири баррасии таъмини Украина бо силоҳи бештар барпо шавад, интизороти зиёд дорад. Ин ҷаласа бо ширкати кишварҳои ёрирасони Украина барпо мешавад. Зеленский дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 21-уми май гуфт, интизор аст, ки дархости ӯ барои гирифтани системаҳои мушакҳои навъи MLRS ва ҳам ҳавопаймоҳои амрикоӣ қонеъ мешавад. Ҷаласаи аввал моҳи гузашта дар пойгоҳи амрикоии Рамштейни Олмон баргузор шуда буд. Зеленский гуфт, ки аз ёриҳои кишварҳои кӯмакрасон сипосгузор аст ва ҳоло интизор аст, ки ба дархости онҳо барои системаҳои мушакӣ посухи мусбат мегиранд. Ӯ гуфт, ки ин навъи силоҳ барои пешрафт дар ҷанг бо Русия ва ҳам озод кардани хоки кишвараш хеле муҳим аст. Ин суханҳои Зеленский дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия барои таҳти назорати пурра гирифтани минтақаи Донбасс наздик мешавад. Дирӯз ин кишвар корхонаи пӯлодгудозии Мариуполро ба даст овард.

Расонаҳо: Дар Украина хоҳарзодаи Юнусбек Евкуров кушта шудааст

Муовини вазири дифои Русия Юнусбек Евкуров аз минтақаи Приморйе дидан мекунад. Акс аз соли 2019

Матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар ҷангҳои Украина як хоҳарзодаи Юнусбек Евкуров, муовини вазири дифои Русия кушта шудааст. Адам Хамхоев писари хоҳари Евкуров буд. Евкуров ҳоло дар мақоми муовини Сергей Шойгу кор мекунад ва дар гузашта президенти Ингушистон будааст. Телеграм-канали Фортанга менависад, ки Хамхоев фармондеҳи ротаи ҳамлаи ҳавоӣ буд ва шаби 20 ба 21-уми май кушта шуд. The Magas Times гуфт, ки рӯзи 22 май ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш - шаҳри Қаробулоғ мебаранд. Дигар расонаҳо гуфтанд, ки ҷасадро дар даромадгоҳи шаҳр дар маросими вижае пешвоз мегиранд. Вазорати дифои Русия ваё мақомот дар Ингушистон дар ин бора хабаре нашр накардаанд. "Медиазоны" бо такя ба манбаъҳои боз исми 2500 низомии русро нашр кардааст, ки марги онҳо то ин лаҳзаҳо дар ҷанг бо Украина тасдиқ шудааст. Дар изҳороти охирини моҳи марти вазорати дифои Русия омори ду баробар камтар чоп шуда буд.

Ҷониби украинӣ шумори талафот дар миёни русҳоро то 30 ҳазор нафар гуфтааст. Дар давраи ҷанг одатан тарафҳо шумори талафот аз ҷониби худро камтару аз тарафи муқобилро бештар нишон медиҳанд.

Барои ҳимояти Молдова аз таҷовузи эҳтимолии Русия чӣ чора мебинанд?

Лиз Трасс

Вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиз Трасс мегӯяд, Молдова бояд бо силоҳҳои мувофиқ ба “стандарт ё меъёрҳои НАТО” муҷаҳҳаз карда шавад, то худро аз таҷовузи эҳтимолии Русия муҳофизат карда тавонад.

Ӯ дар мусоҳибае бо нашрияи “Телеграф”, ки рӯзи 21-уми май нашр шуд, гуфт, бо муттаҳидон дар бораи чӣ гуна ёрӣ расондан ба кишварҳои хурдтар музокирот доранд.

Трасс дар посух ба суоли ин ки оё Русия ба амнияти Молдова таҳдид мекунад, гуфт: "Комилан. Путин дар бораи ҳадафҳои худ барои эҷоди як Русияи бузургтар ошкоро гуфтааст.”

Нашрияи “Телеграф” навиштааст, манзур аз "стандарт ё меъёрҳои НАТО" ин аст, ки аъзои паймони низомӣ ба ҷойи таҷҳизоти боқимонда аз Шӯравӣ ба кишварҳо муҳиммоти нав дода, роҳҳои истифодаи онро биомӯзонанд.

Байден қонуни муҳимро барои Украина имзо гузошт

Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми май қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба Украина ба маблағи 40 миллиард доллар кумак карда хоҳад шуд. Ин ёриҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Украина се моҳ боз зери ҳамлаҳои Русия аст.

Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар Сеул гуфт, таҷовузи Русия ба Украина “ҳамла ба усулҳои асосии байнулмилалӣ аст”.

Тибқи қонуни нав, 24 миллиард доллар ба хариди силоҳу таҷҳизот сарф хоҳад шуд. Ин маблағ ҳамчунин пӯшонидани хароҷоти аслиҳаеро, ки Иёлоти Муттаҳида ба минтақа фиристодааст, дар бар мегирад.

Пули боқимонда ба иқтисоди Украина, кумак ба гурезаҳо ва тафтиши ҷиноятҳои ҷангии Русия сарф хоҳад шуд.

Маскав иддао дорад, ки Мариуполи Украинаро ишғол кардааст

Як сарбози Русия дар театри вайроншудаи Мариупол

Русия бо сахттар кардани ҳамлаҳо дар шарқи Украина, иддао кардаст, ки назорат бар шаҳри Мариуполро пурра ба даст гирифтааст.

Тасарруфи ин шаҳри соҳилӣ бузургтарин дастоварди артиши Русия аз оғози ҳамлааш дар моҳи феврали имсол ба Украина пиндошта мешавад. Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки эълони пирӯзӣ бештар рамзӣ аст.

Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии пайиҳами худ шаҳри Мариуполи Украинаро ба хок яксон кардааст. Тахминан бист ҳазор ғайринизомӣ дар онҷо кушта шудаанд

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 20-уми май аз тасарруфи комили корхонаи «Азовстал», охирин мавқеи истодагарии нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол, хабар дод. Вазорат гуфт, дар онҷо 2439 касро «гирифтанд».

Ҳарчанд мақомоти Украина дар ин маврид шарҳе надодаанд, президент Владимир Зеленский қаблан гуфта буд, мудофеон дастур гирифтаанд, ки аз «Азовстал» берун шуда, ҳаёти худро наҷот диҳанд.

Зеленский дертар гуфт, ҷанги Русия дар кишвараш метавонад сирф бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Вай дар телевизиони Украина гуфт, кишвараш метавонад, дар майдони набард пирӯз бошад, вале «ҳама чиз фақат метавонад дар мизи музокира ба таври қатъӣ ҳал шавад».

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъзе аз асирони «Азовстал»-ро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ муҳокима хоҳанд кард.

Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки Русия ба як пирӯзӣ дар набарди Украина зарурат дошт, чун ин ҷанг баръакси тасаввури мақомоти Маскав барои ин кишвар хеле гарон тамом шуд.

Онҳо меафзоянд, эълони пирӯзӣ дар Мариупол метавонад сирф маънои рамзӣ дошта бошад, чун ин шаҳр чанд ҳафта ба ин сӯ амалан дар дасти нерӯҳои Русия буд.

Русия содироти газро ба Финландия боздошт

Gasum, ширкати давлатии Финландия, рӯзи 21-уми май гуфт, Русия содироти газро ба ин кишвари ҳамсояаш бас кардааст.

"Газпром"-и Русия гуфт, интиқоли газро ба Финландия ба хотире боздошт, ки ин кишвар пули газро ба рубли русӣ напардохта буд.

Русия пештар аз кишварҳои аврупоӣ хоста буд, пули газро ба рубл бидиҳанд.

Боздоштани содироти гази Русия ба Финландия пас аз он сурат мегирад, ки ин кишвар ҳафтаи гузашта дархостро барои пайвастан ба паймони низомии НАТО расман пешниҳод кард.

Маскав ба пайвастани Финландия ва Шветсия ба НАТО мухолифат кардааст. Ин ду кишвари аврупоӣ солҳо боз бетарафиро ихтиёр намуда буданд.

Эътирозҳо дар Амрикову Берлин бо нигаронӣ аз вазъи ВМКБ

Рӯзи 19-уми май ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз сарнавишти пайвандонашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар ташвишанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоишта ташкил карданд.

Яке аз иштирокдорон ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби онҳо ин буд, ки намояндаи сафорат ба наздашон барояд ва ба суолҳояшон посух диҳад.

Ҳамингуна дар Берлини Олмон низ даҳҳо нафар бо нишони нигаронӣ аз вазъ дар вилояти Бадахшон гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, талабашонро ба намояндагии Тоҷикистон супоридаанд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст.

Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Як созмони мухолифин боздошти Мамадшоеваро маҳкум кард

Улфатхоним Мамадшоева

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, рӯзи 19-уми май боздошти рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоеваро маҳкум кард.

Ин созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳукуқи инсон хост, "хомӯш наистанд" ва барои раҳоии Мамадшоева якҷоя талош кунанд.

Номи Улфатхоним Мамадшоева рӯзи 17-уми май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ зикр шуд. Ин ниҳод Мамадшоеваро дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов яке аз созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ номид.

Вазорат рӯзи 19-уми май ӯ ва шавҳари собиқаш, Холбаш Холбашовро аз раҳбарони гуруҳе номид, ки гуё дар Бадахшон ноамниро ба роҳ андохтанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи Улфатхоним Мамадшоева бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд. Ин банди қонун даъват барои зӯран сарнагун кардани ҳокимиятро дарбар гирифта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Худи ӯ қабл аз боздошт гуфта буд, ки дар эътирозҳои охир дар Хоруғу Рӯшон даст надорад.

7 кишвар ба Украина қариб 10 млрд. доллар медиҳанд

Биноҳои вайроншуда дар Ирпин, моҳи апрели 2022

Вазири молияи Олмон гуфт, ҳафт кишвари бузурги саноатии ҷаҳон (G7) дар мавриди кумаки 9.5-миллиарддолларӣ ба Украина созиш карданд.

Кристиан Линднер, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир раёсати давраии G7-ро дорад, рӯзи 20-уми май ба хабарнигорон гуфт, ёриҳои ҷаҳонӣ барои иқтисоди Украина имсол ба тақрибан бист миллиард доллар мерасад.

Ин кумакҳо барои пардохти маоши кормандони давлатӣ ва фаъол нигоҳ доштани хадамоти давлатӣ харҷ хоҳад шуд.

Сандуқи Байнулмилалии Пул тахмин мекунад, ки иқтисоди Украина имсол ва соли оянда то 35 дарсад каср ё камомад хоҳад дошт.

Қаҳрамонии CAFA-2022: Эрон ғолиб, Тоҷикистон сеюм шуд

Тими мунтахаби наврасони Эрон (U-16), ки дар даври охирини қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола рӯзи 20-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи мизбон - Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқа гардид.

Дар бозии дигари даври панҷуми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Узбекистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор шуд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардиданд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ду даста – Эрон ва Узбекистон - даҳимтиёзӣ гирифтанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон дар ҷадвали мусобиқа ҷои авал ва Узбекистон ҷои дуюмро касб карданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуд. Тими Афғонистон бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ва дастаи Қирғизистон бо як имтиёз дар зинаи панҷум қарор гирифтанд.

Тими ғолиб – Эрон - бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Ба дастаи Узбекистон медалҳои нуқра ва ба мунтахаби Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ супурда шуд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба мунтахаби Қирғизистон, ҷоизаи вижа ба тими Афғнистон тақдим гардид. Амирбек Саидов (7 гол) аз тими Узбекистон беҳтарин нишонзни мусобиқа шуд. Ҷоизаи бозигари аз ҳама арзишманд насиби Ризо Ганҷипур аз тими Эрон гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола

Даври 1-ум

13-уми май (ҷумъа)

Узбекистон – Эрон – 2:2

Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2-юм

14-уми май (шанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Масрур Ғафуров, 53 – аз пеналти (0:1). Шеравган Саидов, 70 (0:2).

Афғонистон – Узбекистон – 0:6

Даври 3-юм

16-уми май (душанбе)

Эрон – Қирғизистон – 2:0

Тоҷикистон – Афғонистон – 0:0

Даври 4-ум

18-уми май (чоршанбе)

Эрон – Афғонистон – 1:0

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:0

Даври 5-ум

20-уми май (ҷумъа)

Қирғизистон – Узбекистон - 2:3

Тоҷикистон – Эрон – 0:7

Узбекистон сармояҳои русиро бо чинӣ иваз карданист

Раҳбарони Чину Узбекистон

Узбекистон дар ҳоле ки шарики асосии тиҷориаш - Русия таҳти таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст, талош дорад, ҳамкориҳои стратегиро бо Чин ба хотири ҳалли як қатор масъалаҳои иқтисодӣ тақвият бахшад.

Бино ба навиштаи "The Diplomat", Узбекистон дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки ба роҳҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии ҷаҳонӣ бипайвандад.

Дар ҷаласаи ахири Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар шаҳри Пекин “Стратегияи нави рушди Узбекистон барои солҳои 2022-2026” муаррифӣ шуд.

Дар он тақвияти робитаҳои иқтисодии Узбекистон ва Чин пешбинӣ гаштааст. Дар мавриди рушди ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ аз Чин ном бурда шудааст, вале дар бораи Русия чизе гуфта нашудааст.

Муносибатҳои иқтисодии Узбекистон бо Чин асосан ба лоиҳаҳои зербиноӣ рабт доранд.

Лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон барои ҳар ду кишвар муҳим аст. Дарозии умумии роҳе, ки шаҳри Ланчжоуи Чинро бо Тошканд мепайвандад, 4380 километрро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ин тарҳ аз даҳаи 1990 амалӣ мешавад, дар ҳоли ҳозир иртиботи мустақими роҳи оҳан миёни Чин ва Узбекистон тавассути Қирғизистон вуҷуд надорад.

Пас аз анҷоми сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон, бор аз Тошканд тавассути Уши Қирғизистон ба Ланчжоуи Чин интиқол хоҳад ёфт.

Ба зидди се узви ҳукумати пешини Қирғизистон парванда кушодаанд

Бектур Асанов, Исмоил Исҳоқов ва Кенешбек Дуйшебоев

Додситонии кулли Қирғизистон дар доираи парвандаи марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 ба зидди се узви ҳукумати муваққати пешини он кишвар - Кенешбек Дуйшебоев, Исмоил Исҳоқов ва Бектур Асанов айб эълон кардааст.

Дуйшебоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, муфаттиши додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 20-уми май сиёсатмадоронро огаҳ кардааст, ки ба даст доштан дар ҳаводиси мазкур гумонбар ҳастанд.

Ҳамчунин ба Дуйшебоев гуфта шуда, ки ҳақ надорад, аз кишвар берун равад. Худи Дуйшебоев парвандаро таъқиби мухолифон номид.

"Ман тибқи моддаи 337 (Суистифода аз мақоми хидматӣ) гумонбар шудаам. Ин парванда фармоишӣ аст. Ба мо фишор меоранд, зеро мухолифи ҳукумат ҳастем. Дар парванда ягон далел вуҷуд надорад. Тафтишот ва мурофиа бояд одилона бошад. Аммо мо ба ин умед намебандем," -- гуфт Дуйшебоев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон як сол пеш хабар дода буд, ки тафтиши парвандаи марбут ба ҳодисаҳои соли 2010 дар он кишвар аз сар гирифта мешавад.

Узбекистон ба коркарди 8 кони нави уран омодагӣ мебинад

Тошканд, 19-уми майи 2022

Узбекистон тасмим дорад, дар солҳои 2022-2026 дар доираи барномаи махсуси ҷустуҷӯи геологӣ коркарди 8 кони нави уранро ба роҳ монад.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми май дар ҷараёни муаррифии лоиҳаҳое хабар додааст, ки ба рушди минбаъдаи бахши геологӣ ва афзоиши захираи канданиҳои фоиданок дар он кишвар равона шудаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки давоми солҳои ахир дар он кишвар 27 кони нав ошкор гашта, заминаи устувори ашёи хом фароҳам оварда шудааст.

Мансабдорони узбек дар ҷараёни муаррифии лоиҳаҳо гуфтаанд, мехоҳанд, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои нодирро афзоиш диҳанд.

Дар Амрико ба ҳодисаҳои Бадахшон вокуниш карданд

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вокуниш кард.

Бюро оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии вазорат рӯзи 20-уми май дар Твиттер аз ҷонибҳо хост, шиддати авзоъро поин биоваранд.

Дар изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, “хештандории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот”-ро таъмин кунад.

То ин дам Созмони Милал, Дидбони Ҳуқуқи Башар, намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Амрико, Олмону Фаронса ва Бритониё дар Душанбе низ ба ҳаводиси Бадахшон вокуниш карда, тарафҳоро ба оштӣ хондаанд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд.

Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Роҳи Хоруғ-Қулмаро пас аз чаҳор рӯз кушодаанд

Хоруғ

Роҳи Хоруғ-Қулма, ки Тоҷикистонро ба Чин васл мекунад ва чаҳор рӯз боз баста буд, пас аз зуҳри 20-уми май кушода шудааст.

Роҳро мардуми норозӣ баста буданд. Мақомот онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ меноманд.

Кушодани роҳи Хоруғ-Қулма яке аз талабҳои мақомоти Тоҷикистон буд.

Яке аз фаъолони Бадахшон рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кушодани роҳ пас аз музокироти намояндагони ҳукумат ва эътирозгарон имконпазир шудааст.

“Пас анҷоми музокирот санги роҳро бардоштанд. Ҳоло дар роҳи байнулмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулма монеае нест ва мошинҳои боркаш дар ҳоли ҳаракатанд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тафсилоти музокираи ҷонибҳо маълум нест.

Сенати ИМА тарҳи $40 млрд кӯмаки иловагиро ба Украина тасдиқ кард

Сенати ИМА тарҳи қонун дар бораи ҷудо кардани кӯмаки иловагӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 40 млрд доллар тасдиқ кард. Ин маблағ ба кӯмаки низомӣ ва иқтисодӣ - барои Украина равона мешавад. Ҳамакнун тарҳи қонун барои имзо ба Ҷо Байден ирсол мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Сенат рӯзи 13 май натавониста буд, қонуни мазкурро кабул кунад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол зидди қонун раъй дода буд. Вай талаб кард, ки дар қонун банде дар бораи назорати харҷҳо илова карда шавад.

Тарҳи қонуни мазкур аз сӯи палатаи поёнии порлумони ИМА рӯзи 10 май қабул шуда буд. Президенти ИМА Ҷо Байден аз Конгресс дархост карда буд, ки барои Украина 33 млрд доллар ҷудо кунад, аммо конгрессменҳо ҳаҷми кӯмакро бештар карданд.

Чак Шумар, раҳбари демократхоҳи Сенат гуфт, ки ин иқдом шомили "кӯмаки воқеан қобили таваҷҷуҳ" аст.

Дар сурати имзои ин тарҳи қонун, маҷмуи кӯмакҳои тасвибшудаи Амрико ба Украина аз замони оғози ҳамлаи Русия ба ин кишвар, ба 50 миллиард доллар мерасад. Ин кӯмакҳо ба бахшҳои низомӣ, иқтисодӣ, кӯмак ба паноҳандагон, барномаҳои хӯрокворӣ ва таҳқиқи ҷароими ҷангии Русияро равона карда мешавад.

Зеленский гуфт, нерӯҳои Русия Донбасcро "нобуд" сохтанд

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, нерӯҳои Русия Донбассро "пурра маҳв кардаанд".

Зеленский шоми 19-уми май дар як паёми видеоӣ нерӯҳои Русияро ба он айбдор кард, ки кӯшиши куштани ҳарчи бештари украиниҳо ва расонидани хисороти бештарро доранд. Вай гуфт, Русия украиниҳоро қатли ом мекунад.

"Онҷо дӯзах аст ва ин муболиға ҳам нест", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи президенти Украина, рӯзи 19 май дар натиҷаи "тирандозиҳои бераҳмона ва комилан беасос" дар шаҳри Северодонетск 12 кас ҷон бохтааст.

"Зарбаҳои пайваста ба вилояти Одесса ва шаҳрҳои марказии Украина идома дошта, Донбассро пурра тахриб карданд", - илова кард Зеленский.

Нишасти раҳбарони варзиши кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд

Имрӯз, 20-уми май, дар Тошканд ҷаласаи навбатии раҳбарони вазорату идораҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шуруъ шуд.

Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дабири кулли СҲШ Чжан Мин барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тошканд омадааст. Дар ҷаласа раҳбарони соҳаи варзиши Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласа ҳайати Чин ба таври онлайн ширкат меварзад.

Ба рӯзномаи ҷаласа рушди ҳамкориҳо ҷиҳати баргузории мусобиқоти варзишии сатҳи баланд, ки дар оянда ба нақша гирифта шудааст, татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи варзиш байни кишварҳои узви СҲШ, тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ дохиланд.

Дар баробари ин, оид ба табодули таҷриба дар самти таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷм ҷиҳати ҷалби намояндагони насли наврас ба варзиш вохӯриҳо сурат мегирад.

Дар чаҳорчӯби ҷаласа нақшаи татбиқи «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2024 тасдиқ карда мешавад.

Раҳбарони бахши варзиши СҲШ ҳамчунин доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона тавассути варзиш, ҳавасмандгардонии варзишгарон ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти инкишофи Ҳаракати олимпӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ҳамзамон намояндагони ҳайатҳо ба Кумитаи миллии олимпии Узбекистон ташриф оварда, аз иншооти варзишии вилояти Тошканд дидан мекунанд.

Ташвиши Созмони Милал аз хушунат ва талафоти ҷонӣ дар Бадахшон

Стефан Дуярич, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гузоришҳо дар бораи афзоиши ташаннуҷ ва хушунат, аз ҷумла талафоти ҷонӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, изҳори ташвиш кардааст.

Дар ин бора Стефан Дуярич, сухангӯйи Созмони Милал, рӯзи 19-уми май дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дабири кул тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карда, хостааст, тамоми кӯшишро барои ба таври осоишта ҳал кардани вазъияти ҳозира ба кор баранд.

"Созмони Милали Муттаҳид вазъро бодиққат пайгирӣ хоҳад кард," – гуфтааст ӯ.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Фармони нави Толибон: "Занҳо дар телевизион чеҳраи худро бипӯшонанд"

Дастури нави Толибон дар бораи тарзи либоспӯшии муҷрӣ ё барандагони зан дар телевизионҳои Афғонистон вокунишҳоеро ба миён овардааст.

Як масъули бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Твиттер навишт, амалкарди Толибон барои берун кардани занон аз зиндагии иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои рӯзмарра, ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Масъулини телевизионҳои хусусӣ дар Афғонистон маҷбур шудаанд, то ҳузури муҷриёни занро дар барномаҳои худ тибқи дастури нав омода бисозанд.

Шаҳзод Акбар, раиси пешини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар вокуниш ба ин иқдоми Толибон дар "Твиттер" навишт, ниме аз сокинони Афғонистон гурусна ба хоб мераваанд, таркиш, қатл ва худкушӣ рӯзона дар ин кишвар рух медиҳад ва дар ин вазъият ба гуфтаи ӯ, авлавияти ҳукуматдорон, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба мӯй, рӯй ва либоси занон аст.

Муҷриёни зан дар телевизионҳои хусусии Афғонистон рӯзи гузашта бо чеҳраҳои пӯшида дар барномаҳо зоҳир шуданд. Бархе аз ин телевизионҳо мегӯянд, ки Толибон дастур додаанд, ки ҳамаи муҷриёни зан дар ҳангоми иҷрои барномаҳо рӯйҳояшонро бипӯшонанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар гуфтугӯ бо расонаҳо аз ин амалкард ҳимоят карда, гуфтааст, "хоҳиши мо ин аст, ки хоҳарони мо ҳиҷобро риоя кунанд. Ин як амри динӣ аст, ки ба иффат ва иззаташон кӯмак мекунад ва коре нест, ки таҳдид дониста шавад. Шумо огоҳӣ доред, ки қаблан коронавирус омад ва ҳамаи мардум маҷбур ба ниқоб пушидан шуда буданд. Агар амри динӣ чунин як чизе бошад, чӣ мушкиле аст"?

Аммо фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон бо ин суханони Забеҳуллоҳ Муҷоҳид розӣ нестанд. Фаришта Яъқуб, фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон мегӯяд, "ба унвони як зани мусалмон ва ба унвони як зан, ки дар ҷомеаи исломӣ зиндагӣ мекунам ва дар як хонаводаи исломӣ калон шудам ва ба арзишҳои исломӣ пойбанд ҳастам, фикр мекунам ва маълумоте ки аз дин дорам, ин суҳбати оқои Муҷоҳидро як амри динӣ фикр намекунам. Ба хотири он ки дар дини ислом ва ба хусус фиқҳи ҳанафӣ, занон маҷбур нестанд, ки чеҳраи худро бипӯшонанд".

Ҳукумати Толибон ҳудуди даҳ рӯз пеш пеш бо судури фармоне, ҳиҷобро дар Афғонистон иҷборӣ кард. Дар фармон ба занон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати сарпечӣ аз он падар ё наздиктарин марди узи хонаводаи онҳо даъват ва дар ниҳоят зиндонӣ мешавад.

Дар фармони онҳо омадааст, ки "ҳиҷоб як амри шаръӣ ва расмӣ аст" ва бояд бечунучаро иҷро шавад. Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон рӯзи 7-уми май гуфт, фармони онҳо дар бораи ҳиҷоб дар натиҷаи пешниҳоди уламои динии кишвар содир шудааст.

Бар асоси ин фармон, вазорат вазифадор аст, то назорат кунад, ки ҳамаи занон дар Афғонистон ҳиҷоб ва ё бурқа бипӯшанд. Дар санади вазорат дар ин бора омадааст, ки "барои занони мусулмон, асил ва болиғ риояти ҳиҷоб фарзу зарурӣ аст". Дар ин санад чодир, ё бурқаро беҳтарин шакли ҳиҷоб номида ва гуфтаанд, ҳар навъ либосе, ки баданро бипӯшонад ва ба он начаспида бошад, ҳиҷоб дониста мешавад.

Муқаррароти дигари Толибон дар бораи ҳиҷоб ин будааст, ки агар зане дар идораи давлатӣ кор кунад ва ҳиҷоби фармудаи онҳоро напӯшад, бояд аз кор ронда шавад.

Ин фармони Толибон бо вокунишҳо ва интиқодҳои густурда дар дохил ва берун аз Афғонистон рӯбарӯ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ фармони Толибонро, ки яке дигар аз фармонҳои онҳо дар бораи маҳрум кардани занони афғон аз ҳуқуқи худ аст, сахт танқид карданд. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як баёнияе дар рӯзи 8-уми май гуфт, ин эълони Толибон, ки занон бояд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пинҳон кунанд ва бидуни зарурат аз хона берун наоянд, ӯро бисёр нигарон кардааст.

Толибон, ки моҳи августи соли гузашта ҳукуматро дар Афғонистон гирифтанд, аз ҳамон рӯзҳои аввал занони афғонро аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум карданд. Онҳо ҳамчунин амр доданд, ки занони афғон аз хона танҳо берун наоянд ва агар омаданд, ҳам бояд мард ва ё хешованди маҳраме бо худ дошта бошанд.

Ҷомеи байналмилалӣ борҳо аз Толибон хостааст, ки ба ҳуқуқи занону духтарон эҳтиром бигузоранд ва ба онҳо иҷоза бидиҳанд, ки мисли ҳама кору зиндагӣ ва таҳсил кунанд.

Вазорати дифои Русия гуфт, 1730 муҳофизи "Азов"-ро асир гирифтааст

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 19-уми май хабар дод, ки 771 низомии дигари украин аз корхонаи фулодгудозии "Азов"-и Мариуполи Украина ба минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Русия интиқол дода шудааст.

Ба ин тартиб, тавре мақомоти Русия хабар медиҳанд, шуруъ аз 16 май то кунун теъдоди низомиҳои Украина, ки ба Русия таслим шудаанд, ба 1730 расид. Аз ин теъдод 80 нафар маҷруҳ ҳастанд.

Киев ин рақамро ҳоло шарҳ надодааст. Анна Маляр, муовини вазири мудофиаи Украина ахиран даъват кард, изҳороти ҷониби Русия дар бораи таслим шудани низомиҳои украинӣ ҳамчун иттилои дақиқ пазируфта нашавад.

Сарфи назар аз ин, мақомоти Украина пештар гуфтанд, низомиҳо шуруъ аз 16 май корхонаи "Азов"-ро бо дастури фармондеҳӣ тарк кардаанд. Манобеи расмӣ дар Киев инро "кӯчонидан" номиданд. Киев гуфт, тасмим дорад, ин низомиҳоро тавассути табодули асирон баргардонад.

Маълум нест, чи теъдоди дигар аз низомиҳои Украина дар ҳудуди корхонаи "Азов" боқӣ мондаанд. Ба иттилои вазорати мудофиаи Русия, дар корхонаи "Азов" ҳудуди 2500 низомӣ ҳузур дошт. Ҷониби Украина гуфт, теъдоди дақиқи низомиҳои "Азов"-ро медонад, аммо онро ошкор намекунад. Пештар гуфта мешуд, ки дар корхонаи "Азов" аз 1,5 то 3 ҳазор низомӣ ҳузур дорад.

Кормандони ширкати "ТрубРемСентр" дар Қазоқистон коршиканӣ карданд

Kazakhstan - A strike of workers of Ontustik Shygys servis company. Mangystau region May, 2022

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бештар аз сад коргари ширкати "ТрубРемСентр" корпартоӣ доранд. Онҳо маоши бештар ва қатъи таъқиби коргаронро талаб доранд.

Ба гуфтаи Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи касаби ширкати "ТрубРемСентр", коргарон аз рӯзи 13 май шуруъ кардаанд. Ин коргарон пештар рӯзи 18-уми апрел ба корпартоӣ баромада, ду ҳафта корпартоӣ карда буданд.

"Шароити корӣ муҳайё нест. Ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ риоя намешавад. Талаби мо барои маоши бештар нодида гирифта мешавад", - гуфт Меретаманов.

Раиси ширкати "ТрубРемСентр" ба дархости батакрори хабарнигорон посух надод.

Афғонистон аз барқи Тоҷикистону Узбекистон $100 млн қарздор шудааст

Вазорати энержии Афғонистон хабар дод, ки аз барқи Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 100 млн доллар қарздор шудааст.

Ахтар Муҳаммад Нусрат, намояндаи вазорати энержии Афғонистон гуфт, ки онҳо омодаи пардохти қарзи барқ ҳастанд, аммо Тоҷикистону Узбекистон айни замон дар қабули маблағ аз хориҷ тавассути бонкҳо мушкил доранд.

Раиси пешини ширкати энержии DABS-и Афғонистон Амонулло Ғолиб гуфт, Афғонистон солона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои барқ наздики 300 млн доллар мепардозад.

"Афғонистон қисми бештари барқашро аз Узбекистон мехарад. Ин наздики $108 млн-ро дар сол ташкил медиҳад. Мушкил ҳоло дар пардохти харҷи барқ аст", - гуфт Амонулло Ғолиб.

Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи Иттиҳоди адибон, даргузашт

Меҳмон Бахтӣ

Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, дар 81-солагӣ даргузашт.

Сарвар Бахтӣ, писари шоир, дар ин бора рӯзи 19-уми май дар Фейсбук хабар дод. Иллати марги ӯ гуфта нашудааст.

Меҳмон Бахтӣ солҳои гуногун дар телевизиони Тоҷикистон, "Тоҷиктелефилм" ва Театри Лоҳутӣ кор карда, аз соли 2003 то 2015 раиси Иттифоқи нависандагон буд.

Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси Миллӣ буд.

Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмӯаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва дигаронро навиштааст.

Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст.

Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.

Дар Душанбе монеи "Манқурт" шудаанд

Омодагӣ ба намоиши "Манқурт" дар Душанбе. Акс аз Далери Имомалӣ

Намоиши "Манқурт. Реквием" аз рӯйи асари "Дуроҳаи бӯронӣ"-и Чингиз Айтматов ва дар коргардонии Барзу Абдураззоқов, ки бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри "Падида"-и Душанбе рӯйи саҳна меомад, боздошта шудааст.

Дар ин бора баъзе аз иштирокдорони намоиш 19-уми май дар Фейсбук хабар дода, аммо сабабашро шарҳ надоданд.

Далери Имомалӣ, хабарнигору ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз иштирокдорони намоиш, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "No comments" (Бидуни шарҳ).

Манобеи огоҳ гуфтанд, мақомот рӯзи 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, вале далеле пеш наовардаанд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон расман чизе нагуфт. Маълум нест, намоиш муваққатан боздошта шудааст ва ё дар оянда рӯйи саҳна хоҳад омад.

Ин нахустин намоиши Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, дар чанд соли охир дар Душанбе аст. Ӯ муддатҳо боз дар Қирғизистону Қазоқистон ва Узбекистон кор мекунад.

Барзу Абдураззоқов фарзанди ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва ҳунарпешаву коргардони маъруфи театр Фотима Ғуломова аст.

Ӯ соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд. Панҷ сол пеш барои кор ба Қазоқистон рафт. Барзу Абдураззоқов дар гузашта дар театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ва театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG