Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари начандон хуби вазорати энергетикаи Тоҷикистон


Обанбори Норак, ки сатҳи он ба ҳадди хатарноки камобӣ наздик шудааст
Обанбори Норак, ки сатҳи он ба ҳадди хатарноки камобӣ наздик шудааст
Вазорати энергетика ва саноат эълом кард, ки ба ин зудӣ маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон лағв нахоҳад шуд, зеро маҷрои нокофии об ба садди Норак иҷоза намедиҳад, ба қадри кофӣ нерӯи барқ ҳосил карда шавад. Шералии Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон имрӯз ба хабарнигорон гуфт: “Соли гузашта дар ҳамин рӯзҳо дар як ба обанбори Норак дар як сония 400 то 450 метри мукааб об ворид мешуд ва имрӯз, ки об ба обанбор кам ворид шуда истодааст ( дар як сония 250 то 260 метри мукааб ) мо фақат барои ҳосил кардани нерӯи барқ аз агрегатҳои Норак 300 то 336 метри мукааб об сар медиҳему халос.” Ба гуфтаи вазир, Норак танҳо замоне нерӯи барқи кофӣ барои кишвар тавлид мекунад, ки маҷрои об ба садди он дар як сони 600 метри мукаабро ташкил диҳад ва чунин маҷро умдатан дар ҳарорати 32 дараҷаӣ мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон ҳоло бисёре аз навоҳии кишвар дар як шабонарӯз танҳо ду соат нерӯи барқ доранд.
XS
SM
MD
LG