Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як муҳоҷири кории тоҷик дар Маскав


Мақомоти Русия мегӯянд, бар асари оташсӯзӣ дар як анборе дар шаҳри Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор вйетнамӣ ҳалок шудаанд. Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе 6 апрел дар анборе дар шарқи Маскав сурат гирифтааст ва мақомоти тафтишотии Русия сабабҳои онро пажӯҳиш мекунанд. Ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз ташхис нашудааст. Дар Русия таври маълум садҳо ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва солона садҳо нафар ҳам дар тасодуфҳо кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG