Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Тошканд рафт


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, барои ширкат дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканд рафтааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, дар ҷараёни ин сафари худ ба Тошканд, Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вазири умури хориҷии Маҷористон Янош Мартони низ мулоқот анҷом хоҳад дод. Янош Мартони дар ин мулоқот ба унвони намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар шаш моҳи соли 2011 ширкат мекунад. Ҷаноби Назрӣ афзуд, “Ин мулоқотест, ки ҳар сол баргузор мегардад ва дар он ҳамаи масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.”
XS
SM
MD
LG