Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаи нави Узбакистон дар роҳи сохтмони Роғун


Хабаргузории КазТАГ иттилоъ додааст, ки ҳукумати Узбакистон барои ташкили Кумитаи миллии сарбандҳои бузург қароре ба тасвиб расондааст. Ҳадафи кумитаи мазкур ҳимоят аз манофеи Узбакистон ва таъмини бехатарӣ дар баробари обанборҳои бузурги минтақа ва истифодаи самарбахши захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ мебошад. Тибқи ин санади ба тасвибрасида мақоми раиси кумитаи миллии сарбандҳои бузург ба мақоми муовини вазири кишоварзӣ ва обёрии Узбакистон баробар хоҳад буд. Дафтари матбуотии вазорати мазкур гуфтааст, яке аз ҳадафҳои ин кумита ҷалби таваҷҷуҳи маҳофили байналмиллалӣ ба сохтмони обанборҳои бузург дар Осиёси Марказӣ, аз ҷумла обанбори Роғун хоҳад буд. Дар хабари КазТАГ омадааст, Тоҷикистон то ҳол натавонистааст, барои сохтмони Роғун сармоягузор пайдо кунад, зеро Узбакистон бар зидди сохтмони ин ниругоҳ аст.
XS
SM
MD
LG