Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ко-ко ба одамон дарси некӯӣ медиҳад


Сафаргули Олимӣ, хабарнигори "Озодӣ"
Сафаргули Олимӣ, хабарнигори "Озодӣ"

Девонаро "Дӯсти Худо" мегӯянд, зеро ба касеву чизе кор надорад, ғайбату бадгӯии касеро намекунад, ба касе ҳам ҳасад намебарад. Диҳанд мехӯрад, надиҳанд, озоре надорад.

Ҳатто аз бачагони шӯхе, ки ҷонибаш санг ҳаво додаву гоҳо таҳқираш мекунанд, намеранҷад. Ин як ҳолномаи маъмулии девонагон аст, ки шояд ҳар кадоми мо, инсонҳои, ба истилоҳ, солимақл, дар маҷмӯъ бо ин маъниҳо хуб ё то андозае огоҳ бошем.
Кадом одами солимақлро дар ин замон метавон ёфт, ки бе музду маош хизмати касеро ба ҷо орад ва ё дасти корафтодаеро беғаразона бигирад?


Вале ман ба умқи ин маъниҳо вақте жарфтар фурӯ рафтам, ки бо ӯ ошно шудам. Ӯро қариб ҳар рӯз мебинам. Ҷавони тақрибан 28-солаест бо қадду болои баланду пайкари паҳлавонона. Чеҳраи гарм дораду ҳамеша механдад.

Табассум мекунад ва ҳаргиз нороҳату хашмгин нест. Дар маъракаҳои шодӣ либоси нав пӯшида, аз таҳи дил мерақсад ва дар сӯгвории мардум либоси азо, ҷомаву миёнбанд ва тоқӣ пӯшида, аз субҳи зуд то шом хидмат мекунад. То охир дар паҳлуи нафари мотамдор меистад.

ҶАВОНИ БЕОЗОР

Ӯ аз пеши худ ва беминнату беғаразона хидмати мардумро мекунад. Агар боз ин корро махсус ба ӯ супорида бошанд, даст пеши бар гирифта, аз шодӣ гӯиё қанот мебарораду аз паи иҷрои он мешавад.

Ба роҳгузаҳо, хоҳ пир бошаду хоҳ ҷавон, боадабонаву бесадо, вале бо ҳамон лабханд даст пеши бар салом медиҳад. Ман, ки муддатҳо буд кору рафтор ва шеваи ӯро мушоҳида мекардам, дар ҳайрат мондам, ки чаро ӯ боре ҳам хаставу нороҳат намешавад.

Агарчӣ хурду калони маҳалла дӯсташ медоранду то ҷое эҳтиром мекунанд, вале шоҳиди саҳнаҳое ҳам шудаам, ки баробари пайдо шуданаш баъзе аз наврасон ӯро «девона омад»-гӯён ҷонибаш санг ҳаво додаанд. Аммо вай ҳамоно хандакунон фирор кардааст.

Ин ҷавон макони бегонаро ҳамчунон тарк мегӯяд, ки гӯё айби ин бачаҳо не, балки айби худаш аст, ки аз кӯчаи бегона гузар дорад. Ҳамеша хандаҳояшро дидаам, аммо боре ҳарф заданашро надида будам.

ҚУДРАТУЛЛО Ё "КО-КО"?

Мани роҳгузар он қадар ба шунидани садои хандаҳои ӯ, ки ба деворҳои сангину бетонии манзилҳои одамон бархӯрдаву акси он боз ҳам ҷарангоситар ба гӯш мерасид, одат карда будам, ки баъзан бе садои хандаи вай кӯчаи маҳалла ба назарам сарду ғамангез менамуд.

Боре ӯро дидам,ки борхалтаҳои пиразани ҳамсояашонро мебурд. Ба ӯ наздик шудаму баъди "алейк" гирифтани салом, номашро пурсидам. Вай шармида, табассум карду хомӯш монд. Дид, ки такроран номашро мепурсам, ноилоҷ бо лафзе, ки хоси кӯдакон аст, гуфт: "Ко-ко". Як писараке, ки сӯҳбати моро гӯш мекард, ба ҷои ҳамсӯҳбатам тавзеҳ дод: "Вай Қудратулло ном дорад, лекин гап зада наметавонад ва номашро Ко-ко мегӯяд."

"Ко-ко" бо нишони сипос аз он писарак, ба вай лабханде заду ба роҳаш идома дод. Ҳисси кунҷкобӣ маро ба манзили "Ко-ко" бурд. Маро модари пири ин ҷавон пешвоз гирифт. Ҳамагӣ дар чанд лаҳзаи кӯтоҳе, ки мову модари ӯ салому алейк кардем ва ман аз мақсади омаданам пиразанро огоҳ кардам, дидам, ки «Ко-ко» дар пеши ман дастархон густардаву ҳар чизе, ки ёфта буд, рӯи он мегузошт.

НАҚЛИ МОДАРИ ҚУДРАТУЛЛО

Модари "Ко-ко" ҳам хандида гуфт: "Вай гап намезанад, шунавоиаш ҳам суст аст, Худо ҳамин хел кардааст, ақлаш кам аст. Ҳама девонааш мегӯянд, вале дилам намешавад, ки девонааш хонам. Ҳамин хел ҳам бошад, одамони баду некро хуб мешиносад. Агар касе маъқулаш нашавад, мераваду дар кунҷи хона пинҳон мешаваду то рафтани он одам худашро нишон намедиҳад."

Вай афзуд, "аз миёни се фарзандам ӯ аз ҳама меҳрубонтар аст. Агар сарам дард кунад, худашро ба сад дар мезанаду дору меорад. Агар оби дидаамро бинад, зорӣ мекунад, то гиря накунам. Ягон чизи бомаззаро ёбад, худаш намехӯраду ба даҳони ман мегузорад. Вай натанҳо ба ман, балки ба ҳама чунин меҳрубон аст. Дар маҳаллаамон ҳама дӯсташ медоранд. Бе Қудратуллои ман кори касе ҳал намешавад. Одамони баобрӯи маҳалаамон низ омада, ӯро суроғ мекунанд. Барои одамони маъюб рафта, бозорӣ карда меорад ва ҳаргиз ба ивази кори кардааш чизе намегирад. Агар касе чиз доданӣ шавад, бо ҳамон лафзи худ ва ё бо ишора мегӯяд, ки Шумо ҳамсояи манед, наход аз ҳамсоя одам пул гирад?"

ДЕВОНА ВА ИНСОНИГАРӢ

Ҳамчунин, ҳарфҳои дигаре аз ҳамсояҳову хешу ақрабои дигари Қудратулло ё "Ко-ко" дар бораи ӯ шунидам, ки ташнагии маро аз одаму одамият шикаст, ки дар ин замони мо ками дар кам метавон пайдо кард.

Зеро кадом одами солимақлро дар ин замон мешавад дид, ки бе музду маош хизмати касеро ба ҷо биёрад, беғаразона дасти корафтодаеро бигирад?

Ҷое агар шоҳиди ноҷавонмардии касе, беилтифотиву хиёнати дӯстеро ба дӯсташ, лафзи носазову пур аз ҳақорати бархе ҷавонону наврасон, беэҳтиромии фарзандеро нисбат ба падару модари пираш бубинам, беихтиёр симои "Ко-ко" пеши назарам меояд ва лаҳзае ҳайрон мешавам, ки хирадманд кисту девона кист.
XS
SM
MD
LG