Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди нозирон аз интихоботи Қазоқистон


Ниҳоди аслии нозир бар интихоботҳои Аврупо имрӯз аз шеваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон интиқод кард ва гуфт, “ислоҳоти лозим барои баргузории як интихоботи воқеъи демократӣ то кунун амалӣ нашудаанд”. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баъди арзёбии интихобот имрӯз гуфтанд, “дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Қазоқистон ҳамон нуқсҳое мушоҳида шуд, ки дар интихоботҳои пешин буд.” Дар Евертс, раҳбари ҳайъати нозирони созмон имрӯз гуфт, интихоботи Қазоқистон “шояд ва бояд беҳтар мешуд. “ Ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоеви 70 – сола дар интихобот 95,5 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Нерӯҳои мухолиф ба давлат, интихоботро саҳнасозишуда хонда ва таҳрим карданд.
XS
SM
MD
LG