Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳои сангин дар Соҳили Оҷ


Гбагбо то ҳол тарки мақом карданӣ нест
Дар Абидҷон, бузургтарин шаҳри кишвари африқоии Соҳили Оҷ (Кот дИвуар) даргириҳои сангин байни нирӯҳои раиси аз сӯи СММ эътирофшудаи ин ҷумҳурӣ Алҳасан Ватара ва нирӯҳои содиқ ба ҳокими феълиаш Лоран Гбагбо идома дорад. Гбагбо бо вуҷуди шикаст дар интихоботи моҳи ноябр аз таҳвили қудрат ба рақибаш Ватара даст кашид.
Нирӯҳои Ватара тайи як ҳафтаи охир ба пешрафтҳои муҳиме даст ёфтанд, вале то ҳол натавонистаанд нирӯҳои Гбагборо дар Абидҷон шикаст диҳанд. Набардҳо феълан дар атрофи Кохи раёсатҷумҳурӣ, дафтари телевизиони Соҳили Оҷ ва манотиқи дигар идома дошта, сокинони Абидҷон мегӯянд, нигарони амнияти худ ҳастанд. Салиби Сурх мегӯяд, дар ин ҳафта дар ғарби Соҳили Оҷ дастикам 800 нафар қатли ом шуданд. Амрикову Фаронса, СММ ва Иттиҳоди давлатҳои Африқо аз Гбагбо даъват кардаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз хунрезиҳои бештар билофосила тарки мақом кунад.
XS
SM
MD
LG