Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба дафтари СММ дар Мазори Шариф


Наздик ба 20 нафар аз коркунони СММ ба дасти тазоҳуркунандагони хашмгин дар Мазори Шариф кушта шудаанд.

Бар пояи гузоришҳои хабаргузории Ройтерз, рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар эътироз ба сӯзонида шудани Қуръони карим ба дасти Терри Ҷонс, кашиши ифротии амрикоӣ дар моҳи март, ба дафтари СММ ҳамла карданд ва наздик ба 20 нафар коркунони онро ба қатл расониданд.

Бар пояи ин гузориш, ҳангоме ки муътаризон ба дохили дафтари СММ роҳ ёфтанд, сари ду нафар аз коркунони хориҷиро низ буриданд.

Ба гуфтаи Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи пулис дар шимоли Афғонистон, дастикам ҳашт хориҷӣ дар миёни кушташудагон будаанд. Ин гузориш меафзояд, аз муътаризон низ панҷ нафар кушта ва наздик ба 20 тан ҳам захмӣ шудаанд.

Лаълмуҳаммад Аҳмадзай дар ин бора гуфтааст: «Дар ҷамъи тазоҳуркунандагон, теъдоде аз авбош ҳузур доштанд, ки ба дафтари СММ ҳуҷум бурданд ва ҳашт корманди хориҷиро куштанд, ду тан аз онҳоро сар буриданд ва як тан аз онҳоро маҷруҳ карданд. Яке аз кушташудагон зан аст.»

БАЁНИЯИ ҲОМИД КАРЗАЙ

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо судури баёнияе ҳамла ба дафтари СММ-ро ба шиддат маҳкум ва ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониён эълом кардааст.

Дафтари Ҳомиди Карзай бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани оташ задани Қуръони карим ба дасти кашиши амрикоӣ эълом кард: «Раиси ҷумҳури исломии Афғонистон амали тахрибкоронаи як идда афроди муғризро, ки бо сӯиистифода аз ин раҳпаймоӣ, даст ба хушунат зада ва боиси куштори кормандони ғайри низомии СММ, ки дар хизмати кӯмакҳои ғайри низомӣ ба мардуми он вилоят буданд, як амали ғайри инсонӣ ва хилофи арзишҳои исломӣ ва афғонӣ медонад. Ҳомид Карзай ба ниҳодҳои зиддахл дастур додааст то омилони ин қазияро шиносоӣ намуда ва ба дасти қонун бисупоранд."

Ҳамла ба дафтари СММ дар Мазори Шариф, хунинтарин ҳодисаи ин созмон дар Афғонистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG