Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти Даръои Сурия 3 нафар кушта шудааст


Дар Сурия ҳазорон нафар аз аҳолии шаҳри Даръо ва атрофи он рӯзи ҷумъа дар ин шаҳр раҳпаймӣ анҷом доданд. Ин шаҳр ҳоло ба маркази тазоҳуроти эътирозӣ табдил ёфтааст. Рӯзи ҷумъа созмондиҳандагон барои гиромидошти хотираи қурбониён “Рӯзи қурбониён” эълон карданд ва аз ширкаткунандагон хостанд, ки хотираи 70 нафарро, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътрозии ду ҳафтаи ахир кушта шудаанд, гиромӣ доранд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа 5 000 нафар ширкат кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, нируҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд ва се нафар кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG