Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи ёрони Қаззофӣ коҳиш меёбад


Нашрияи The Guardian дар бораи музокироти махфии намояндаи ҳукумати Либия бо мақомоти Бритониё хабар дод.

Ба иттилоъи ин нашрияи бритониёвӣ, Муҳаммад Исмоил, яке аз ёварони асосии Сайфулислом Қаззофӣ, писари раҳбари Либия, дар Лондон бо чанд тан аз мансабдорон дидору гуфтугӯ кардаст.

ЛИБИЯ РОҲИ НАҶОТ АЗ БӮҲРОНРО МЕҶӮЯД?


Муаллифи матлаб дар The Guardian ҳадс задааст, ки ин аввалин мулоқоти махфии намояндагони раҳбарияти Либия бо ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ дар ду ҳафтаи ахир нест. Ва ин, ба навиштаи нашрия, баёнгари он аст, ки атрофиёни Қаззофӣ роҳҳои дипломатии бурунрафт аз бӯҳронро ҷустуҷӯ доранд.

Дар ҳоле, ки бархе аз мансабдорони Либия, талоши пайдо кардани роҳҳали бӯҳронро доранд, бархе дигар аз Муаммар Қаззофӣ рӯ тофта, кишварро тарк мекунанд.

Ба думболи вазири умури хориҷӣ Мусо Кӯса боз чанд тан аз мансабдорони воломақоми Либия тасмим гирифтанд, ки мақоми худ дар ҳукумати Қаззофиро тарк кунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазири саноати нафт, вазири истихборот ва муовини вазири умури хориҷӣ айни ҳол дар фурудгоҳи Тунис интизори парвоз ба Аврупоянд.

ВАЗИРИ ПЕШИН БОЗПУРСӢ МЕШАВАД

Ёдовар мешавем, вазири умури хориҷии Либия Мусо Косса рӯзи чаҳоршанбе ба Бритониё омад ва дар бораи истеъфои худ хабар дод. Ба думболи ин
Мусо Кӯса
вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг изҳор намуд, ки режими Қаззофӣ аз дохил зери фишор қарор дорад ва ба таҷриҷ тахриб мешавад.

Намояндаи ҳукумати Либия Мусо Иброҳим гуфт, ки Мусо Кӯса ба хотири муолиҷа ба Туниси ҳамсоя сафар кард ва мақомотро аз истеъфои худ дар ҷараён нагузоштааст.

Айни ҳол Хадамоти истихборони Бритониё пурсуҷӯи вазири пешини умури хориҷии Либияро идома медиҳанд ва мехоҳанд ба самимияти нияти ӯ барои қатъи ҳама гуна робита бо ҳукумати Қаззофӣ мутмаин шаванд.

Ҳамзамон мақомоти Бритониё гуфтанд, ки Мусо Кӯса на дар кишвар ва дар беруни он аз дахлнопазирии додгоҳӣ бархурдор нахоҳад буд.

РАСМУССЕН: ҲАДАФИ МО МУСАЛЛАҲСОЗӢ НЕСТ

Дар ҳамин ҳол ба баҳси имкони фурӯӯши силоҳ ба ошӯбгарони Либия, ки чанд рӯзи ахир дар набардҳо бо нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба шикаст мувоҷеҳ шудаанд, Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО ҳамроҳ шуд.

Belgium --Андерс фог Расмуссен
Ӯ гуфт, ки Паймон бо Амрикову Бритониё мувофиқ нест, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Либияро мумкин мехонанд. Андерс фог Расмуссен изҳор намуд, ки рисолати НАТО - дифоъи мардуми осоишта аз ҳамлаҳои нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ аст.

Дабири кулл афзуд, "он чӣ ба НАТО иртибот мегирад, мо қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро иҷро ва таҳрими фурӯши силоҳро назорат хоҳем кард, то моне ъи интиқоли силоҳ ба Либия шавем”. Раҳбари НАТО гуфт, ки Паймон ин бахши қатъномаи Шӯрои Амниятро иҷро мекунад ва “мо барои муҳофизати мардуми Либия дар он ҷо ҳастем, на барои мусаллаҳ кардани онҳо."

Бар пояи иттилоъи ахир аз Либия, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба канори шаҳри Аҷдабия, 160 километрии Бенғозӣ, такягоҳи аслии ошӯбгарон расидаанд. Аз ин пештар онҳо шаҳри Брегаро ҳам таҳти назорат қарор дода буданд.

Дирӯз адмирали амрикоӣ Марк Муллен дар Конгресси ИМА изҳор намуд, ки бо вуҷуди зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилофи байнулмилалӣ нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шикаст фарсахҳо дуранд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯи артиши Қаззофӣ даҳ баробар бештар аз нерӯи ошӯбгарон аст.
XS
SM
MD
LG