Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо тақозои додгоҳ раҳбари Косово ба истеъфо рафт


Macedonia -- Kosovo's newly elected President Behgjet Pacolli reviews an honor guard in Skopje, 23Mar2011
Macedonia -- Kosovo's newly elected President Behgjet Pacolli reviews an honor guard in Skopje, 23Mar2011

Имрӯз президенти Косово Беҳҷет Паколлӣ ба истеъфо рафт. Ин иқдом баъд аз он эълон шуд, ки Додгоҳи конститутсионии Косово интихоби ӯ ба курсии президентро ғайришаръӣ унвон дода, истеъфои фаврии ӯро талаб кард. Додгоҳи конститутсионии Косово мегӯяд, Паколлӣ ягона номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ буд, ки тибқи қонун манъ аст. Додгоҳ бар ин назар аст, ки шумораи номзадҳои президентӣ бояд беш аз як нафар бошад ва дар овоздиҳӣ камаш аз се ду ҳиссаи вакилони мардумӣ иштирок кунанд. Ба қавли додгоҳ ҳангоми интихоби Паколлӣ аз миёни 120 вакили мардумӣ ҳамагӣ 67 нафар ҳузур доштанд. Вакилони мухолифи ҳукумат ба нишони эътироз аз интихоби ин соҳибкори сарватманд аснои раъйдиҳӣ толори парламентро тарк карда буданд.

XS
SM
MD
LG