Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони олудагии раидоактив дар Фукушима боло рафт


Japan -- Nuclear safety agency official Hidehiko Nishiyama attends at a news conference on Tokyo Electric Power Co.'s Fukushima Daiichi Nuclear Power Plant, in Tokyo, 30Mar2011
Japan -- Nuclear safety agency official Hidehiko Nishiyama attends at a news conference on Tokyo Electric Power Co.'s Fukushima Daiichi Nuclear Power Plant, in Tokyo, 30Mar2011

Агентии бехатарии ҳастаӣ ва саноатии Ҷопон ё худ Япония мегӯяд, ки мизони олудагии оби баҳр бо моддаи радиоактиви иодин дар канори реактори ҳастаии нерӯгоҳи Фукушима тахминан 3,355 баробар аз меъёри қонунӣ баландтар аст. Аммо Ҳиденико Нишияма муовини раиси кулли ин агентӣ изҳор намудааст, ки оби радиоактиви минтақа таҳдиди зиёд эҷод намекунад, зеро сокинони ин минтақа ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд ва моҳидорӣ дар наздикиҳои нерӯгоҳи ҳастаии Фукушима манъ мебошад. Дар ин байн сарваизири Япония Наото Кан гуфт, ки вазъият “ғайри қобили пешбинӣ” буда, ҳукумат дар ҳоли омодабош аст.

Фишор болои Кан зиёд аст, то минтақаи фоҷеаро тавсеа бахшида сокинони онро ба ҷойҳои дуртар аз нерӯгоҳи Фукушима интиқол диҳад. Баъзе вакилони мухолифи ҳукумат дар парламенти Япония бо ишора ба худдории сарвазир Кан аз тавсеаи минтақаи фоҷеа ӯро мавриди интиқод қарор доданд. Дар ин иртибот Кан гуфтааст, ки имкони кӯчонидани 130 ҳазор нафари дигарро машварат дорад. Феълан 70 ҳазор сокини минтақаи фоҷеаи Фукушима ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG