Ангела Меркел-нахуствазири Олмон эътироф кард, ки эътилофи сиёсии вай дар интихоботи маҳаллии ахири ҳафта бохтааст ва ин бохт “хеле дардовар” мебошад. Эътилофи Меркел дар ҷануби кишвар интихоботро ба Ҳизби Сабзҳо, ки мухолифи барномаҳои ҳастаӣ мебошад, бохтааст ва бори аввал Сабзҳо раёсати аёлатро дар минтақа ба даст мегиранд. Ҳизби Демократҳои Масеҳӣ аз соли 1958 то ҳол раёсати ин аёлатро бар ӯҳда дошт.