Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кишвари пойбанди Русия


Дар натиҷаи як назархоҳӣ Маркази Gallup ба хулосае расидааст, ки Тоҷикистон бештар аз ҳар ҷои дигар кишвари рӯ ба Русия ба шумор меравад. Чунин назархоҳӣ дар 100 кишвари ҷаҳон анҷом гирифтааст. 94 дарсади назардодагони тоҷикистонӣ сисёсати кишвари худро нисбат ба Русия дуруст ва самарбахш медонанд. Танҳо ду дарсад онро нодуруст медонанд. Тибқи ин назархоҳӣ, 71 дарсади сокинони Тоҷикистон аз сисёати Чин дар қиболи Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд. 47 дарсад аз Олмон, 44 дарсад аз Ҷопон, 39 дарсад аз Фаронса ва Британия ҷонибдорӣ кардаанд. Вале 94 дарсад аз Русия. Бад-ин тариқ дар миёни кишварҳои назардода Тоҷикистон ҷонибдортарин кишвар аз Русия ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG