Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Ҳамла ба нируҳои Қаззофӣ иҷоза дода нашудааст


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Имрӯз Русия гуфт, ҳамла ба нируҳои ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия таҷовуз дар ҷанги дохилиро афзоиш медиҳад, ки онро қатъномаи Шӯроии Амният дар бораи ҳарими ғайрипарвоз иҷоза намедиҳад:

“Мо бар ин ақида ҳастем, ки мудохилаи нируҳои эътилоф ба ҷанги дохилӣ моҳиятан дар дар қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ иҷоза дода нашудааст”.

Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия гуфт, қатъномаи Шӯрои Амният, ки 17-ӯми март дар бораи ҳарими ғайрипарвоз ба тасвиб расид, ҳадафаш ҳимоят аз шаҳрвандони Либия буд. Лавров афзудааст, бо вуҷуди он ҳамлаи нируҳои эътилоф ба қатори нируҳои Қаззофӣ мушоҳида ва аз куштори шаҳрвандон низ гузоришҳо пахш мешавад.
XS
SM
MD
LG