Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Қаззофӣ дар роҳ ба сӯи пойтахт


Мухолифони ҳукумати Либия дар ҳоли пешравӣ ба самти пойтахти ин кишвар ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ, ҷангандаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф имрӯз, душанбе ба аҳдофе дар шаҳри Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ, раҳбари Либия ҳамла карданд ва мухолифини давлати Либия ҳам иддао доранд, ки ин шаҳрро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Мухолифини Қаззофӣ бо ҳимояти ҷангандаҳои нерӯҳои эътилоф дар рӯзҳои гузашта муваффақ ба позпасгирии чанд шаҳр аз ҷумла Раслонуф, Буриға ва Аҷдабия аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ шуданд ва дар ҳоли ҳозир тамоми терминалҳои нефтии Либия дар шарқи ин кишварро таҳти контрол доранд.

Аз ҷумла, мухолифони Муаммар Қаззофӣ рӯзи якшанбе дар идомаи пешравиҳои худ назорати бандари нафтии Раслонуфро аз дасти нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия хориҷ карда ва аз омодагии худ барои содироти нафт дар камтар аз як ҳафтаи дигар сухан гуфтаанд.



Ҳамзамон Роберт Гетс, вазири дифои Амрико рӯзи якшанбе бо муваффақиятомез хондани амалиёти эҷоди минтақаи парвози мамнӯъ бар фарози Либия гуфтааст, аз замони оғози ин амалиёт, нерӯҳои ҳавоии Муаммар Қаззофӣ ҳеҷ гуна парвозе надоштааст ва пойгоҳҳои размии артиши Қаззофӣ ба зарбаҳои сангине рӯбарӯ шудаанд.

Вазири дифои Амрико ҳамчунин аз оғози ақибнишинии нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ба сӯи минтақаҳои ғарбии Либия хабар додааст.

Аз сӯи дигар Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА низ рӯзи якшанбе хитоб ба атрофиёни Муаммар Қаззофӣ гуфтааст, замони он фаро расидааст, ки онҳо равияи худро тағйир диҳанд.

Хонум Клинтон, ки бо шабакаи НБС гуфтугӯ мекард, бо баёни ин, ки қасд дорад, «паёме рӯшан» ба Қаззофӣ ва атрофиёни вай ирсол кунад, хитоб ба атрофиёни раҳбари Либия гуфтааст: «Оё воқеан мехоҳед рондашуда ва нафратзада бошед? Акнун навбати шумост, ки ба ин равия поён дода ва ба тағйири масир кӯмак кунед.»
XS
SM
MD
LG