Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз таркиш дар лӯлаи гази Миср


Дар Миср аз таркиш дар як лӯлаи интиқоли газ ҷилавгирӣ шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, тавассути ин лӯла аз соли 2008 ба ин сӯ маводи сӯхт ба Исроилу Урдун интиқол меёбад.

Ду моҳ қабл дар ҳамин лӯла бар асари тахрибкории афроди номаълум интиқоли газ мутаваққиф шуда буд.

Дар Миср бисёриҳо аз он норозиянд, ки бар пояи қарордод газ ба Исроил бо қимати имтиёздор фурӯхта мешавад.

Ҳафтаи гузашта вазири нафти Миср Абдулло Ғораб изҳор карда буд, ки музокирот бо мақомоти Исроил дар робита ба тағйири шартҳои ин қарордод идома дорад.
XS
SM
MD
LG