Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа дар зиндонҳои Қазоқистон кам шудааст?


Аскар Шокиров, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, мегӯяд, шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ба таври чашмгир кам шудааст, чизе ки на ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқ ба он бовар доранд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Аскар Шокиров, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти байналмилалӣ дар Остона гуфт, теъдоди шикоятҳо аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон дар соли 2010 назар ба соли 2009 50 дарсад кам шудааст. Аммо Вадим Курамшин, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон мегӯяд, шиканҷаи маҳбусон баръакс зиёд шудааст, вале онҳо аз тарс ба касе шикоят намекунанд. Созмони Милал аз ҳукумати Қазоқистон хостааст, шароити нигаҳдории зиндониёнро беҳтар карда ва ба бадрафторӣ бо зиндониён хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG