Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон рафт


Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод (Акс аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод (Акс аз бойгонӣ)

Пас аз зӯҳри рӯзи 26-уми март раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба Эрон рафт.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дода ва гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафараш ба вилояти Суғд, аз Хуҷанд ба Эрон парвоз кардааст.

Ба қавли ин манбаъ, дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳодияи нависандагон ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Бо даъвати Аҳмадинажод ҳамчунин раҳбарони Афғонистону Покистон ва шуморе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва арабӣ дар маросимҳои наврӯзии Эрон ширкат мекунанд...


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тӯли ду рӯз дар Наврӯзи байналмиллалии Эрон иштирок ва рӯзи 28-уми март ба Душанбе бархоҳад гашт.

Дар ҷараёни ин сафари худ ба Эрон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин вай бо Ҷалоли Толибонӣ, раҳбари Ироқ, мулоқот мекунад.

Бархе аз хабаргузориҳои Эрон навиштаанд, ки дар ҷараёни таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ дар ин кишвар баргузории консерти фалаксарои маъруфи тоҷик Давлатманди Хол ҳам дар назар гирифта шудааст.

Бо даъвати Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, ҳамчунин раҳбарони Афғонистону Покистон ва шуморе аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва арабӣ дар маросимҳои наврӯзии Эрон ширкат мекунанд.

Вале Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, гуфтааст, ки дар Наврӯзи байналмиллалии Эрон ширкат нахоҳад кард.

Дар соли гузашта дар Наврӯзи байналмилалии Эрон раҳбарони Тоҷикистон. Афғонистон, Ироқ ва Туркманистнон иштирок карда буданд.

Эрон ибтикори баргузории Наврӯзи байналмилалиро пас аз он ба даст гирифт, ки соли гузашта дар моҳи феврал Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае Наврӯзро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард.

Сокинони Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро тӯли чаҳор рӯз, аз 21-уми март то 25-уми март, дар манотиқи мухталифи кишвар таҷлил карданд.
XS
SM
MD
LG