Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама амалиёт дар Либияро "муваффақиятомез" хонд


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико

Барак Обама амалиёти байналмилалии низомӣ ба раҳбарии кишвараш дар Либияро муввафақиятомез хонд.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи шанбе, 26-уми март, гуфт, амалиёти низомӣ дар Либия возеҳ, ботамаркуз ва маҳдуд аст ва то кунун ҷони ғайринизомиёни "бешумор"-ро наҷот додааст.

Дар хитоби ҳафтаинаи радиоаш ба мардуми Амрико Барак Обама гуфт: "Дар маъмурияти худ ба муввафақият ноил шудаем. Мо системаи дифои зиддиҳавоии Либияро ба ҳам задем. Нерӯҳои Қаззофӣ дигар дар саросари Либия пешравӣ намекунанд. Дар ҷойҳое ба мисли Бенғозӣ, шаҳре бо аҳолии 700 ҳазор нафарӣ, ки Қаззофӣ гуфтааст, ба касе раҳм нахоҳад кард, нерӯҳояш ақиб зада шуданд. Аз ин рӯ иштибоҳ накунед, аз он ҷо ки мо зуд иқдом кардем, аз як бӯҳрони башарӣ ҷилавгирӣ шуд ва ҷони ғайринизомиёни бешуморе, марду зан ва кӯдакони бегуноҳ ҳифз карда шуд."

Қарор аст, Барак Обама рӯзи душанбе, 28-уми март, дар як суханронии вижае
Барак Обама дигарбора таъкид кард, ки Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, бояд ҳамла ба ғайринизомиёнро хотима диҳад, нерӯҳояшро ақиб кашад ва иҷоза диҳад, то кӯмакҳои башарӣ ба онҳое, ки мӯҳтоҷанд, расонида шавад...
нақши кишвараш дар амалиёти Либияро шарҳ диҳад. Пештар аз ин суханрониҳо, сиёсатмадорони баландпоя ва вакилони мардумии Амрико аз он шикоят доштанд, ки раисҷумҳур дар робита ба амалиёт дар Либия зиёд машварат накардааст ва нақши Амрикоро ҳам дар амалиёт возеҳ шарҳ надодааст.

Барак Обама дар хитоби радиоиаш баъзе сабабҳои амалиёти низомӣ дар Либияро шарҳ дод: "Амрико набояд ва наметавонад, дар ҳар бӯҳроне, ки дар ҷойе аз ҷаҳон сар мезанад, дахолат кунад. Аммо комилан мӯътақидам, вақте ба мардуми бегуноҳ зулм мекунанд, вақте касе мисли Қаззофӣ таҳдид ба хунрезӣ мекунад, ки метавонад авзоъ дар тамоми минтақаро ноором намояд ва вақте ҷомеаи байналмилал ба ҳам меояд, то ҷонҳои зиёдеро ҳифз кунанд, дар он сурат иқдом кардан ба нафъи миллати мост. Ин масъулияти мо аст ва ҳоло ҳамон вақт расидааст."



Нерӯҳои қудратҳои ғарбӣ рӯзи 19-уми март ба зидди системаи дифои зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ҳамалоти ҳавоиро шурӯъ карданд, то монеи иқдомоти ӯ алайҳи мардум шаванд.

Ба асоси қатъномаи Шӯрои амният, нерӯҳои байналмилалӣ ҳамлаҳо ба нерӯҳои Қаззофӣ ва ҷангафзорҳои онҳоро идома медиҳанд ва ҳарими барои парвоз мамнӯи Либияро назорат мекунанд. Аз роҳи баҳрӣ таҳримоти силоҳ алайҳи Либия низ назорат мешавад.

Қарор аст, ҳафтаи оянда Барак Обама, ба нақши васеътари НАТО ва нақши сабуктари Амрико дар амалиёт дар Либия таъкид кунад. Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО моил аст, то масъулияти назорати ҳарими барои парвоз мамнӯи Либияро назорат кунад.

Барак Обама дигарбора таъкид кард, ки Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, бояд ҳамла ба ғайринизомиёнро хотима диҳад, нерӯҳояшро ақиб кашад ва иҷоза диҳад, то кӯмакҳои башарӣ ба онҳое, ки мӯҳтоҷанд, расонида шавад. Ӯ афзуд, Қаззофӣ эътимоди мардум ва ҳаққи идораи Либияро аз даст додааст, аммо мустақиман хостори барканории ӯ нашуд.

Ҳукумати Амрико батакрор гуфтааст, ки сарнагун кардани Қаззофӣ ҳадафи амалиёти низомии мазкур нест.
XS
SM
MD
LG