Дар гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек дар марзи Тоҷикистону Узбекистон гуруҳе аз дӯкондорон бо мақомот даъвову кашмакаш кардаанд.
Дар видеое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чӣ гуна дӯкондорон саъй мекунанд, пеши роҳи вайрон кардани дӯконҳояшонро бигиранд ва айни замон бо намояндаи мақомот баҳсу ҷанҷол доранд.
Чанде аз ин дӯкондорон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти ноҳияи Масчоҳ то кунун беш аз даҳ дуконро вайрон кардаанд. Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Масчоҳ рӯзи 15-уми сентябр зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ва бо шарти зикр нашудани номаш хабари вайрон кардани дӯконҳоро тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, сабаб ин буд, ки дӯконҳоро худсарона ва бидуни иҷозат сохта шудаанд ва аз ин пеш ба соҳибонашон борҳо амр додаанд, ки худашон корро қатъ кунанд. Ин мақомдор афзуд, ки ин дӯконҳои фуруши маҳсулоти ғизоӣ боиси ҷамъ шудани партовҳои зиёд дар гузаргоҳи марзӣ шуда буд. Ин баҳс бештар аз як сол боз давом дошт ва роҳи ҳалро дар бардоштани дӯконҳо дар марз диданд.
Сайфиддин Сангинов, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ, дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд: «Барои ҷамъоварии партовҳо қуттӣ мондем, мушкил бартараф нашуд. Пас аз он барои ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ қуттӣ гузоштем. Боз мушкил ҳал нашуд.”
Соҳибони дӯконҳо ба ронандагони мошинҳои боркаш ва мусофироне, ки дар марз мунтазири убур ба Узбекистон буданд, маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшоба мефурухтанд. Тоҷирон мегӯянд, фаъолияти онҳо қонунӣ буд ва чанд сол бе ҳеч мушкил кор мекарданд. Онҳо мегӯянд, ҷамъ шудани партовҳо бештар мушкили ронандагони мошинҳои боркаш буд ва на аз онҳо.
Гуфтугӯ