Кумитаи миллии мубориза бо терроризми Русия эълон кард, ки ин бамб ё дастгоҳи таркандаи худсоз ҳудуди соати 8-и шаб ба вақти маҳаллӣ дар рӯзи 1 август дар як тарабхона воқеъ дар майдони "Кудринская" дар наздикии маркази пойтахти Русия, таркидааст.
Ин кумита гуфт, ки кушташудагон шомили зане, ки гумон меравад дастгоҳи таркандаи худсозро ба тарабхона оварда буд, як корманди амниятӣ, ки монеи вуруди ӯ ба дохили тарабхона шуд ва яке аз меҳмонони тарабхона ҳастанд.
Бархе манбаъҳо аз кушта шудани панҷ нафар дар ин ҳодиса хабар доданд. Аммо мақомҳои Русия ҳанӯз ин оморро тасдиқ накардаанд.
Кумитаи миллии мубориза бо терроризми дар баёнияе, ки расонаҳои давлатии Русия онро нашр карданд, гуфт, "як дастгоҳи таркандаи худсоз дар як тарабхона мунфаҷир шуд".
Ба гуфтаи ин кумита, 21 захмии ин ҳодиса чароҳатҳои сахт ва гуногун бардоштаанд. Ҳамчунин эълон шуд, ки таҳқиқот барои рӯшан шудани ҷузъиёти ин таркиш дар ҳоли анҷом аст.
Ин таркиш дар як тарабхонаи италиявии Balzi Rossi рух дод, ки дар яке аз баландошёнаҳои даврони Сталин дар Маскав, ҷойгир аст. Тибқи эълони нашршуда дар вебсайти ин тарабхона, ин макон дар замони рух додани таркиш барои баргузории як маросими хусусӣ баста шуда буд.
Канал-телеграмми расонаи мустақили русизабони "Астра" ба нақл аз мушоҳидаи мошинҳои низомии берун дар тарабхона гузориш дод, ки ин маросим, ҷашни яке аз генералҳои Русия будааст.
Олег Кошин, рӯзноманигори рус низ мегӯяд, эҳтимолан ин маросим ба ифтихори генерал Александр Чайко, фармондеҳи нерӯҳои ҳаво-фазоии Русия, баргузор шуда бошад.
Бо ин ҳол, мақомҳои Русия то кунун дар бораи инки ҳадафи аслии ин ҳамла чӣ касе будааст, изҳори назар накардаанд. Расонаҳои давлатии Русия гузориш додаанд, ки дастгоҳи тарканда пас аз он мунфаҷир шуд, ки зани ношинос ҳангоми талоши ворид шудан ба тарабхона манъ карда шуд.
Аксу наворҳои видеоии нашршуда аз сӯи расонаҳои русӣ, ҳузури густурдаи нерӯҳои мусаллаҳ, мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва мошинҳои имдодрасон дар ҷойи ҳодисаро нишон медиҳад. Ҳамчунин роҳҳои атрофи майдони "Кудринская" ба таври муваққат баста ва минтақа ба муҳосираи нерӯҳои амниятӣ даромад.
Мақомҳои Русия то кунун шахсияти ин зан ё дигар қурбониёнро эълон накардаанд. Онҳо ҳамчунин ҳанӯз мушаххас накардаанд чӣ касе масъули ин бамбгузорӣ будааст ё ангезаи эҳтимолии он чӣ будааст. Ҷузъиёт ва шароити рух додани ин таркиш ҳамчунон номаълум аст.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз рӯзномаи "Комерсант" гузориш дод, ки мумкин аст ин дастгоҳи тарканда бо ҳадафи кушта ё захмӣ кардани афроде, ки дар бахши тобистонаи тарабхона ҳузур доштанд, ҷобаҷо ва аз роҳи ду мунфаҷир шуда бошад. Ин гузориш ҳамчунин меафзояд, мумкин аст зане, ки онро бо худ дошт, аз инки он як моддаи тарканда будааст, хабаре надоштааст.
Гуфтугӯ