Вазорати адлияи Қирғизистон эълон кардааст, ки мутаваққиф кардани фаъолияти ин 50 ширкат пас аз он сурат мегирад, ки онҳо аз сӯи шарикони ғарбӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дониёр Амонгелдиев, муовини нахуствазири Қирғизистон рӯзи 19 май ба хабаргузории давлатии "Кабар" гуфт, "пас аз он, ки онҳо гузоришҳое роҷеъ ба хатарҳоро пешниҳод мекунанд, мо онҳоро баррасӣ карда ва вокуниш нишон медиҳем. Барои мисол, Амрико ва Бритониё дар бораи 51 ширкат иддаоҳое матраҳ кардаанд".
Ӯ афзуд, "мо таҳқиқоте анҷом додем ва сабти 50 ширкатро мутаваққиф кардем. Шояд ҳолатҳои шубҳанок вуҷуд дошта бошад. Мо дар додгоҳ онро исбот хоҳем кард".
Қирғизистон аз муддатҳо ба ин тараф ҳамчун яке аз масирҳои аслии давр задани таҳримҳо зидди Русия, шинохта мешавад.
Аз замони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия дар соли 2022, содироти бархе молҳо ба Қирғизистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Ин молҳо сипас дубора ба Русия содир мешаванд.
Чораҳои нав билофосила пас аз бистумин бастаи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад, ки Қирғизистонро ҳамчун кишваре нигаронкунанда барои рафъи таҳримҳо муаррифӣ кардааст.
Маълумоти Иттиҳоди Аврупо ба нақзи шадиди муқаррароти тиҷорӣ, аз ҷумла, афзоиши беш аз 800-дарсадии воридоти маҳсулоти электронии махсус ба Қирғизистон аз Иттиҳоди Аврупо байни солҳои 2022 то 2025, ишора дорад.
Мақомоти аврупоӣ хотирнишон кардаанд, ки Бишкек дар ин самт ҳеҷ пешравие дар тавлиди дохилӣ надоштааст ва ин нигарониҳоро тақвият мекунад, ки Қирғизистон ба як долони транзитӣ барои занҷираи таъминоти саноати низомии Русия табдил шудааст.
Бастаи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо манъи содироти ду молро ба Қирғизистон дар бар мегирад: баъзе навъи дастгоҳҳо ва таҷҳизоти радиоии аз рӯи рақам идорашавандаро.
Ҳар ду таҷҳизот метавонад барои тавлиди паҳпод истифода шаванд ва дар солҳои ахир ба теъдоди зиёде аз Қирғизистон ба Русия дубора содир шудаанд.
ТАСМИМИ САХТГИРОНА
Амонгелдиев, муовини нахуствазири Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар аввали моҳи ҷорӣ дар бораи чораҳое, ки ин кишвар дар ин робита рӯи даст мегирад, сӯҳбат кард.
"Агар ниҳоди марбут ба таҳримҳо ё гумонбарон ба иртибот бо онҳо ошкор шаванд, мо сабти қонунии онро бекор мекунем. Пас аз бекор кардани сабти қонунӣ, ба таври автоматикӣ ё худкор сабти худ дар бонкҳоро аз даст медиҳад. Наметавонад суратҳисоб боз кунад ва наметавонанд фаъолияте анҷом диҳад. Мо чунин як тасмими сахт гирифтаем".
Аз 50 ширкати осебдида ном бурда нашудааст.
Расонаҳои Қирғизистон гузориш додаанд, ки онҳо дар арсаҳои яклухтфурӯшӣ, нақлиёт ва хадамоти боркашонӣ, кор мекунанд.
Чандин ниҳоди сабтшуда дар Қирғизистон аз соли 2022 ба ин сӯи ба иттиҳоми иртибот бо шабакаҳои рафъи таҳримҳо, ки ба иқтисоди ҷангии Русия алоқаманданд, аз сӯи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониён таҳрим шудаанд.
Ба онҳо муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла, бонки "Каромат" ва "Капитал Бонк"-и Осиёи Миёна, ҳамчунин ширкатҳои тиҷорӣ ва боркашонӣ, ки дар арсаи электроника ва мошинолот фаъолият мекунанд, шомил мешаванд.
Девид О'Салливан, намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳо дар сафаре ба Бишкек дар моҳи феврал гуфт, "маълумоти мӯътамад" вуҷуд дорад, ки баъзе бонкҳо "ба Русия дар рафъи таҳримҳо кӯмак мекунанд".
Ӯ дар мусоҳибае бо бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "мо аз Қирғизистон дархост намекунем таҳримҳои моро қабул кунад... мо дарк мекунем, кишварҳое вуҷуд доранд, ки ба сабабҳои гуногун роҳи дигареро интихоб мекунанд".
Аммо ӯ афзуд, ки таҳримҳо як абзоре барои Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи амнияти худ ҳастанд.
Гуфтугӯ